Дар ноҳияи Зафаробод барои руёнидани қарзи маош ситод ташкил кардаанд

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2023
Обуна шудан
Зиёд шудани ҳаҷми қарзи маоши коргарон дар ноҳияи Зафаробод, масъулони ҳукуматро водор намудааст, ки ситод ташкил кунанд
ДУШАНБЕ, 30 – июл Sputnik. Давоми ним соли ҷорӣ қарзи музди меҳнат дар идораву ташкилотҳои ноҳияи Зафаробод ба 336, 4 ҳазор сомонӣ афзудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ беш аз 61 ҳазор сомонӣ будааст.
Дар ин бора Меҳриддин Шарифзода, муовини раиси ноҳия дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, номи идораву ташкилотҳои қарздорро номбар кард.
"Идораҳои беҳдоштӣ замин ва обёрӣ ва инчунин обу корезии ноҳияи Зафаробод дар назди коргарони худ барои пардохти музди меҳнат қарздор мебошанд” - зикр кард манбаъ.
Муовини раиси ноҳия гуфт, ки ҷиҳати пардохт намудани қарзи маош ситод таъсис дода шуда ва ба ҳайати он роҳбарони якчанд идораҳо шомил карда шудаанд.
Аъзоёни ин ситод муваззаф шудаанд, ки барои пардохти ҳаҷми бештари қарз чораҳои зарурӣ андешанд.
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Вазир ҳаҷми маоши миёна дар Тоҷикистонро эълон кард
Дар Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Суғд чанде пеш гуфта буданд, ки шуморе аз коргоҳҳои ҳудуди ин вилоят то ҳанӯз дар назди коргарони худ беш аз 15 млн сомонӣ қарздоранд.
Дар руйхати қарздорон ба ҳисоби идораи коммуналӣ, коргоҳҳои бузурги санаотӣ низ шомил будаанд, ки барои пардохти музди меҳнати коргарон қарздоранд.
Лентаи хабарҳо
0