Афғонистон нархро бардошт: Ангиштканони Тоҷикистон рӯй ба Ӯзбекистон овардаанд

© © Sputnik / Амир ИсаевУгольное месторождение в Зиддах, архивное фото
Угольное месторождение в Зиддах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Дар пайи боло бурдани ҳаққи ҳамлу нақл аз тариқи қаламрави Афғонистон, интиқоли ангишти Тоҷикистон ба Покистон гарону рақобатнопазир шудааст
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 102 ҳазор тон ангиштро ба маблағи 2,8 млн доллар содир кард, иттилоъ дод Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, содироти ангишт дар нимсола дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 174,5 ҳазор тонна кам шудааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки содирот, аз ҷумла, ба Афғонистон қариби 163 ҳазор тон ва ба Покистон наздики 25 ҳазор тон коҳиш ёфтааст. Дар зимн содироти ангишт ба Ӯзбекистон ба андозаи 12 ҳазор тонна зиёд шудааст.
Масъулини саноат яке аз сабабҳои коҳиши содирот, аз ҷумла, ба Покистонро ба болоравии арзиши интиқол аз тариқи қаламрави Афғонистон мегӯянд, ки аз 7 доллар то 40 - 55 доллар афзоиш ёфтааст.
Слиток металла, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Мақомоти Тоҷикистон лоиҳаи Кони Мансурро 2,5 млрд доллар арзёбӣ кардааст
Дар натиҷа рақобатпазирии ангишти Тоҷикистон дар Покистон коҳиш ёфтааст ва ангиштканони кишвар талош доранд, дар чунин шароит содирот ба Ӯзбекистонро бештар кунанд.
Вазорати саноат тавзеҳ дод, ки ба далели нисбатан кам шудани содироти ангишт, корхонаҳо нақшаи истихроҷи онро низ кам кардаанд, чун захираҳо мавҷуд буданд.
Тавлиди ангишт дар Тоҷикистон аз сӯи 12 корхона дар 9 кон ба роҳ монда шуда, дар давоми нимсолаи аввали соли равон беш аз 751 ҳазор тонна истихроҷ шудааст.
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, тавлиди ангишт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 102 ҳазор тонна кам мебошад.
Бақияи ангишт бо назардошти захираи солҳои қаблӣ 364 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондоди аввали сол қариб 32 ҳазор тон зиёд мебошад, илова намуд Вазорати саноат ва технологияҳои нав.
Лентаи хабарҳо
0