Тоҷикистон аз "Hungary Masters - 2023" ду нишони нуқра гирифт

© SputnikТаджикский дзюдоист Темур Рахимов
Таджикский дзюдоист Темур Рахимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2023
Обуна шудан
Аз миёни панҷ намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи бонуфузи устодони ҷудо - "Hungary Masters - 2023" дар Маҷористон 2 нафарашон нишони нуқра гирифтанд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар рӯзи охири мусобиқоти "Hungary Masters - 2023" нишони нуқра гирифт.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Раҳимов дар финали "Hungary Masters - 2023" бо паҳлавони финландӣ Марти Пуумалайнен вориди майдон гардид, аммо натавонист дастболо гардад.
Маврид ба зикр аст, ки Раҳимов дар "Hungary Masters - 2023" дар даври аввал озод буда, мусобиқаро аз даври дуюм оғоз намуд.
Дар даври дуюм паҳлавони тоҷик Ҷелле Сниппеи ҳоландиро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҷайегу Юн аз Кореяи ҷанубӣ дастболо гардид.
Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
Беҳрӯз Хоҷазода медали нуқраи "Hungary Masters - 2023" -ро гирифт
Ҷудокори тоҷик дар дар даври нимниҳоӣ бо варзишкори пуртаҷрибаи ҷопонӣ Кокоро Кагуера вориди майдон шуда, бо имтиёзи иппон дар вақти тиллоӣ ғалаба карду ба финал роҳ ёфта буд.
Дар гузашта Темур Раҳимов бо Марти Пуумалайнен қувваозмоӣ карда, дастболо мешуд, аммо ин дафъа бахти паҳлавони финӣ баландӣ намуд.
Ҷудокори дигари тоҷикистонӣ, Беҳрӯз Хоҷазода низ дар Маҷористон ҳамаи рақибонашро шикаст дода, то финал расид. Аммо дар даври ниҳоӣ аз ҷудокори ҷопонӣ Соичи Ҳошимото шикаст хӯрду соҳиби нишони нуқра гардид.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи Hungary Masters - 2023 рӯзҳои 4 - 6 август дар шаҳри Будапешти Маҷористон давом дошт.
Лентаи хабарҳо
0