Ҷаҳиши нархи маводи сӯхт дар Суғд

© Sputnik / Алексей Сазонов / Гузариш ба медиабонкНуқтаи таъмини маводи сӯхт, акс аз бойгонӣ
Нуқтаи таъмини маводи сӯхт, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Обуна шудан
Дар давоми як ҳафтаи охир нархи маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва бензин дар шимоли Тоҷикистон боло рафта, хароҷоти ронандагону ҳамлу нақлро бештар кардаст
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Қимати гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти вилояти Суғд боло рафта, ба 4,8 сомонӣ баробар гардидааст.
Ба иттилои ронандагон дар шимоли ҷумҳурӣ, охири ҳафтаи гузашта нархи як лити гази моеъ 50 дирам камтар, баробар ба 4,3 сомонӣ буд.
Дар зимн дар шаҳри Хуҷанд як литр бензини навъи АИ-92 ба ивази 9,8 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки қаблан 9,6 сомонӣ буд.
Арзиши бензини навъи АИ-95, ки пештар 10 сомонӣ барои як литр буд, акнун ба 10,2 сомонӣ баробар шудааст.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Русия беш аз 85%-и бозори сӯзишвории Тоҷикистонро таъмин мекунад
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бисёри ронандагон ба далели гарон будани нархи бензин дар мошинашон дастгоҳҳои гази моеъро насб намудаанд.
Ахиран Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳ гуфт, нархи миёнаи воридотии ҳар тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ба 403 доллар баробар шудааст, ки нисбати соли гузашта арзонтар мебошад
Беш аз 73%-и гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон аз Қазоқистон ворид гардида, наздики 25%-и дигар ба Русия ва қариби 2% ба Ӯзбекистон рост меояд.
Ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар шашмоҳа ба зиёда аз 169 ҳазор тон баробар шудааст, ки маблағи умумияш беш аз 68 млн доллар ҳисоб шудаст.
Лентаи хабарҳо
0