ВКД гуфт чанд ҷинояткор дар пайгард қарор дорад

© Sputnik Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ба иттилои ин ниҳоди қудратӣ дар 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 11 612 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 870 ҳолат бештар аст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар дод.
Вазири корҳои дохила қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир 1 517 (2022 - 1 447) нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта дастгир карда шуданд.
“Ҳамчунин 195 (2022-261) нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуданд”, - таъкид кардааст оқои Раҳимзода.
Инчунин ба иттилои вазир дар кишвар 273 адад силоҳи оташфишон ошкор мусодира карда шудааст
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Вазир: Дар дуздии муовини раиси "Ориёнбонк" ду корманди пешини ВКД даст доштанд
Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ дар бораи гардиши ғайриқонунӣ воситаҳои нашъадор ёдрас шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ хабар дода шуд, ки дар кишвар дар шаш моҳи соли равон 1т 322 кг (2022- 1т 8кг) воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст аз ҷумла:
героин 4 кг 651 гр (2022 – 54кг)
афюн 122 кг 61 гр (2022 - 402 кг 652 гр)
ҳашиш 1т 165кг 834гр (2022 - 403 кг 335 гр)
бангдона 17 кг 346 гр (2022 - 128кг 383 гр).
Лентаи хабарҳо
0