Нақби обгузари Данғара баъд аз 38 сол таъмиру бозсозӣ мешавад

© Sputnik / Макс Ветров / Гузариш ба медиабонкТерритория насосной станции
Территория насосной станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Обуна шудан
Нақби обгузари Данғара, ки дар 38 соли истифода харобу валангор шудааст, бо кумаки ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ таъмиру бозсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Таъмиру барқарорсозӣ дар нақби 14-километраи ирригатсионии Данғара, фасли тирамоҳ оғоз меёбад.
Дар ин бора муовини раиси ноҳияи Данғара Садриддин Сайдализода дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Мақомдори тоҷик ёдрас шудааст, ки баъд аз 38 соли хизматрасонии шабонарӯзии бетанаффус қисмҳои зиёди нақб, аз ҷумла 6 дарвозаи он, харобу валангор шуд, ба таъмиру барқарорсозии таъҷилӣ ниёз доранд.
“Хушбахтона, баъди суҳбату вохӯриҳои Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, онҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар таъмиру барқарорсозии нақб саҳми худро хоҳад гузоранд”, - гуфт оқои Сайдализода.
Давлаталӣ Саид, галава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Нигаронии раиси вилояти Хатлон аз таъмин набудани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии нақби оби Данғара Файзиддин Одинаев баъди маблағгузории Бонки ҷаҳонии рушд, мо таъмиру барқарорсозиро дар нақб, дар ҳолати паст шудани сатҳи оби дарёи Вахш метавонем оғоз намоем.
Вай гуфт ин кор яъне дар фаслии тирамоҳ оғоз мешавад.
“Аз ҳисоби маблағҳои Бонки мазкур пеш аз бастани дарвозаҳои нақб барои бе оби нӯшокӣ намондани аҳолии ноҳия, сохтмончиён бояд аз сарбанди дарё то каналҳои обгузар ба масофаи 16 километр лӯлаҳои обгузари оҳанӣ васл намоянд”, – зикр кард Одинаев.
Лентаи хабарҳо
0