Биричевский: ба ширкатҳои хориҷӣ дар Русия чизе таҳдид намекунад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкДиректор Департамента экономического сотрудничества министерства иностранных дел РФ Дмитрий Биричевский
Директор Департамента экономического сотрудничества министерства иностранных дел РФ Дмитрий Биричевский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Обуна шудан
Дипломати рус мегӯяд Маскав имкони густариши "иттиҳодия газӣ”-и Русия - Ӯзбекистон ва Қазоқистонро аз ҳисоби дигар кишварҳо истисно намекунад
Директори департаменти ҳамкориҳои иқтисодии вазорати корҳои хориҷаи Русия Дмитрий Биричевский гуфт, чигуна Русия фишорҳои кишварҳои ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказиро баҳо медиҳад ва кай дар қаламрави ИИАО асъори худ пайдо мешаваду ширкатҳои хориҷӣ, ки ҳоло дар қаламрави Русия кор мекунанд чӣ бартарӣ мегиранд.
Вай дар бораи ширкатҳои ғарбӣ, ки дар Русия кор мекунанд, гуфт то кори онҳо то куҷо одилона аст - аз ҷумла, ширкатҳои австриягӣ ва олмонӣ.
"Мутаасифона, кишварҳои ғарбӣ бо амалҳои гуногун соҳибкорони худро маҷбур мекунанд, ки бозори русиягиро тарк кунанд. Тахминҳо атрофи гӯё милликунонии ногузири дороиҳои онҳо тақвият меёбанд. Ва ширкатҳое, ки дар Русия фаъолияти худро идома дода исто- даанд, дар ин кишварҳо бо баҳонаҳои сиесӣ зери фишор ва танқиди шадид қарор гирифта истодаанд. Ва ин - як самти фишори таҳримоти ғарбӣ ва иқтисодӣ нисбат ба кишвари мост".
Дипломати рус таъкид кард, ки ба ширкатҳое, ки ҳанӯз ҳам мехоҳанд кори худро дар мамлакати мо софдилона идома диҳанд ва қонунгузории Русияро риоя намоянд, ҳеҷ гуна таҳдид ҷой надорад. Бар замми ин, ширкатҳои хориҷӣ метавонанд ба дастгирии мақомоти русиягӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тиҷорати онҳо дар бозори мо умед баста метавонанд.
ПМЭФ-2023. Президент РФ В. Путин на пленарном заседании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Рушди иқтисоди Русия, нақши таҳримҳо ва вазифаҳои АМН: Изҳороти асосии Путин дар ФИБП
Тибқи маълумоти Bloomberg, аз рӯи натиҷаҳои соли 2022, ширкатҳои аз кишварҳои "ғайридӯст"дар бозори русиягӣ боқимонда тавонистанд нишондиҳандаҳои молиявии худро ба таври назаррас беҳтар созанд ва бархеи онҳо ба афзоиши рекордии ҳаҷми даромад ноил гаштанд.
Ва ин гап фақат дар сари паст кардани сатҳи рақобат бар асаари тарки бозор намудани ширкатҳои хориҷии рафта нест. Ин боз як далели дигари озодии идомаи фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвари мо барои ширкатҳо аз дилхоҳ давлатҳост.
Бо иҷрои расмиятҳои муайян, сармоягузорони хориҷӣ имкон доранд, ки даромади дар Русия ба даст овардаашонро озодона идора кунанд.
Ҷониби Русия ба мувофиқасозии амалиётҳои дахлдор муносибати шево дорад.
Дар мавриди меъёрҳое, ки фурӯши дороиҳо ва фоидаи ширкатҳои хориҷиро танзим менамоянд, ҳаминро гуфтаниям, ки ин чораҳо - маҷбурӣ мебошанд ва пеш аз ҳама барои ба эътидол овардани вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар, роҳ надодан ба халалдоршавии равандҳои иқтисодӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони русиягӣ, ки дар чунин корхонаҳо кор мекунанд, равона карда шудаанд.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
ВУХ Русия: Маскав тасаввур намекунад, ки Осиёи Миёна ба таҳримҳо пайваст шавад
Биричевский гуфт, воқеан ҳам вақтҳои охир ИА ва ИМА фишорро ба кишварҳои мустақили ба мо дӯст дар минтақаи Осиеи Марказӣ босуръат афзоиш ёфта, онҳоро маҷбур намуда истодаанд, ки ба таҳримҳои зиддирусягӣ ҳамроҳ шаванд ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро бо кишвари мо қатъ кунанд.
Вашингтон ва Брюссел дар марҳилаи кунунии "сабқати маҳдудиятҳо" алайҳи Русия ин вазифаҳоро ҳамчун афзалиятнок муаррифӣ мекунанд.
Чунин амалҳои ИМА ва думравони онҳо - дахолати дурушт ба муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳои мо буда, феълан, ҳуқуқи озоди интихоби самти мустақили сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷаро поймол намуда истодаанд. Ва татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судмандро дар минтақаи Осиёи Марказӣ зери хатар мегузоранд.
Сухан дар бораи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳои соҳибихтиёр меравад, ки дар амал - навғуломдорӣ ва маҷбур намудан ба риояи таҳримоти ғайриқонунии бегонагон таҳти фишори мустақим ба доираҳои иҷтимоӣ ва сиёсии кишварҳои манфиатҳои умум дошта мебошад.
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия меҷанганд, гуфт Володин
Мо истифодаи аз воситаҳои дӯстдоштаи Ғарбро ба манфиатҳои худ, аз ҷумла - таҳрири афкори ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон, барангехтани низоъҳои байнимиллӣ, дастгирии қувваҳои сиёсии дахлдор ва инчунин - иғвои ошкорои сиёсиро равшан мебинем.
Ғарб дастҷамъона таҳримҳои ғайриқонуниро ба сифати фишор нисбат ба давлатҳои соҳибихтиёр нусхабардорӣ дорад.
Дар маҷмӯъ, маҳз бо ин роҳ ғарбиён кӯшиш доранд дигар кишварҳоро ба "тартиботи ҷаҳонӣ" – и худ, ба "қоидаҳо"-и интихоби дигар намедодаи онҳо асос ёфтааст, тобеъ намоянд - ба “қоидаҳо”-и ҷавобгӯи меъёрҳои ИМА ва иттифоқчиёни онҳо, на меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ.
Дар бофтаи муносибатҳои байнидавлатӣ шиори ғайриқонунӣ ва хатарноки масъулияти кишварҳои "сеюм", ҳукуматҳо, шаҳрвандон ва тиҷорати онҳо барои рушди робитаҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ бо он кишварҳое, ки алайҳашон амалҳои маҳдудкунанда татбиқ шудаанд, омехта мегардад.
Вазифаи ниҳоӣ барои Ғарб - ноором сохтани тамоми ҳудуди авруосиёгӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Ғарб ҳавасманд буданашро аз тобеияти захираҳои ашёи хом ва истеҳсолии минтақаи осиеимарказӣ барои манфиатҳои иқтисоди хориҷии худ пинҳон намедорад.
Дар чунин шароит, онҳо мақсад доранд дар мавриди баланд бардоштани устувории иқтисодиёти миллӣ тавассути ҳамкории ҳамаҷониба, ҳамоҳангсозии кӯшишҳо, пеш аз ҳама - дар ҷодаи воридотивазкунӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии технологӣ ҳамкориро бо шариконашон зич ба роҳ монанд.
Флаг Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Расонаҳо: Анқара омодааст барои қатъи амалиёт дар Украина миёнаравӣ кунад
Дмитрий Биричевский дар бораи Киев ҳам изҳори назар кард.
"Русия, умдатан, ба таври анъанавӣ таъминкунандаи боэътимоди бо карбогидридҳо барои кишварҳое мебошад, ки ба ин ашеи хом ниёз доранд. Мо ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди созанда дар соҳаи энергетика ҳастем", - гуфт ӯ.
Амалҳои харобкоронаи кишварҳои алоҳида дар ин соҳа аз мантиқи иқтисодӣ дуранд аст ва аз ангезаҳои шубҳанок, асосҳои сиесӣ дошта манша мегиранд.
Мехостам таъкид намоям, ки роҳи пешгирифтаи баъзе кишварҳо бобати даст кашидан аз сӯзишвориву барқи русиягӣ - интихоби худи онҳост (ё, истисно намекунем, аз хориҷи кишварашон аб онҳо сарборӣ шудааст). Ба ҳар ҳол, тавре ки ба мо мегӯянд, бо зӯрӣ хуб намешавӣ. Бигзор онҳо захираҳои энергетикиеро ҷустуҷӯ кунанд, ки барояшон бештар хушоянд аст.
Дар робита ба ҷанбаҳои амалии фаъолияти лӯлаи нафти "Дружба", мехостам гӯям, ки масъули ин - субъектҳои хоҷагидореанд, ки ин лӯлаи нафтро истифода мебаранд.
Дипломати рус ҳамчунин дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ миёни кишварҳои ИИАО шарикони СҲШ ва БРИКС изҳори назар кард.
"Дар ҳақиқат, дар якуним соли охир ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ба асъори миллӣ босуръат амалӣ гардида истодааст",- афзуд Дмитрий Биричевский.
Вай таъкид намуд, ки аксари кишварҳои ҷаҳон тадриҷан аз истифодаи асъорҳои "заҳролуд" даст мекашанд - пеш аз ҳама аз доллари ИМА ва аз евро. Кӯшиш доранд, ки робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории худро устувор нигоҳ доранд.
Посевные работы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2023
Дар кишварҳои ИИАО истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфтааст
Сабабҳои ин падида маълум аст - "волюнтаризми таҳримӣ" ва сиёсати бемасъулиятони макроиқтисодии бисёр кишварҳои Ғарб, ки эътимодро ба низоми молиявии марказашон амрикоӣ коҳиш доданд. Мо ин равандҳоро танҳо истиқбол мекунем.
Мо чунин меҳисобем, ки таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва молияи ҷаҳонӣ танҳо дар шароити ҷаҳони бисёрарзӣ ва воқеан бисерқутбӣ имконпазир аст, ки дар он ба диктат ва зуҳуроти гуногуни навғуломдор аз ҷониби як қатор кишварҳое, ки даъвои истисноӣ доранд, ҷой нест.
ИИАО дар сафи пеши ҳисоббаробаркунӣ бо арзи миллӣ қарор дорад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, ҳиссаи арзи миллӣ дар муомилоти онҳо аллакай тақрибан 90% - ро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0