Прокурори Суғд омори ҷабрбиниву ҷинояткории занонро шарҳ дод

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2023
Обуна шудан
Дар нимсолаи аввали соли 2023 додгоҳҳои вилояти Суғд 1,3 ҳазор парвандаи ҷиноӣ алайҳи 1,4 ҳазор нафарро баррасӣ кардаанд, таъкид кардааст додситонии вилоят
ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Дар прокуратураи вилояти Суғд омореро ироа карданд, ки дар он мавридҳои ҷинояткорӣ ва ҷабрбинии занон сабт шудааст.
Фурқат Файзалӣ, прокурори вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ тавзеҳ дод, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 401 зан аз ҳисоби содиршавии ҷиноят ҷабр дидаанд.
Ба гузориши додситон дар давра дар сатҳи вилоят 590 ҷиноят аз ҷониби занон сурат гирифтааст.
“Чунин ҷиноятҳо бештар бо моддаҳои авбошӣ, қаллобӣ, куштор ва одамрабоӣ марбут мебошанд”, – гуфт, прокурор.
Ӯ ҳамзамон зикр кард, ки дар вақти татбиқи ҷазо алайҳи занон мақомоти тафтишотӣ аз рӯи чанд принсип аз ҷумла ҳайсияти модарӣ, доштани кӯдаки ноболиғ, ошти намудан бо ҷабрдидагон аксари парвандаҳоро қатъ ва ё дар рафти тафтишот маводҳои ҷамъоваришуда аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудаанд.
Джамолиддин Абдуллозода министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Вазири тандурустӣ гуфт, дар кишвар чанд зану кӯдак ба ВНМО гирифторанд
Бино ба иттилоъи ин мақомот дар ин давра аз тарафи судҳои вилояти Суғд дар умум 1327 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 1482 нафар баррасӣ гардида, ба 1245 адад нисбати 1395 нафар ҳукми айбдоркунанда бароварда шудааст.
Аз таҷовуз то савдои одамон: дар Тоҷикистон ҷинояткорӣ афзудааст
Қаблан сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд Фаррух Зиёзода гуфта буд, ки дар вилоят мизони ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир коҳиш ёфтааст.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои соли гузашта 2% ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0