Мақомоти вилояти Хатлон гуфт, ба соҳаи маорифу тандурустӣ чи қадар маблағ ҷудо шудааст

© Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон таъкид гардидааст, ки 88,4%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааанд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1,3 млрд сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд, ки 1,1 млрд сомонӣ ё ин, ки 88,4%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.
Дар ин бора ахиран раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Ба иттилои мақомот, аз ҷумла, ба соҳаи маориф – 785,2 млн сомонӣ, ба тандурустӣ – 321,0 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ – 10 млн сомонӣ ва ба соҳаи фарҳанг – 39,1 млн сомонӣ равона гардидааст.
Ҳамчунин, раиси вилояти Хатлон таъкид кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят 50,1 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид.
Қайд карда шудааст, ки 45,6 млн доллари он сармояи мустақим мебошад.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
Дастовардҳои мубориза бо фасод дар Хатлон эълон шудаанд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Хатлон хабар дода буд, ки нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳои ҳатмӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи соли 2023 дар маҷмӯъ 102,7% таъмин гардид.
Ба буҷет 1 миллиарду 127 млн сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 29,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мақомот гуфа буд, ки дар вилоят татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2022 дар доираи тадбирҳои андешидашуда амалишавии 131 лоиҳа ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ ё 42,1% иҷро гардида, дар пиёдасозии 95 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0