Бар ивази Украина: ИМА аз даст додани иттифоқчиёнашро дар саросари ҷаҳон эътироф кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкФлаг США, архивное фото
Флаг США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2023
Обуна шудан
Иттифоқчиёни эҳтимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон, ба сифати гузина беш аз пеш сӯи Маскав ва Пекин назар медӯзанд
ДУШАНБЕ, 16 авг – Sputnik, Ренат Абдуллин. Паёмади дастгирии Киев аз ҷониби ИМА он шуд, ки Кохи Сафед шарикони худро аз даст дода истодааст. Дар ин бора бештар расонаҳои амрикоӣ изҳори нигаронӣ доранд.
Он чиз аз ҳама ташвишовар аст, ки иттифоқчиёни эҳтимолии ИМА ба сифати интихоб сӯи Маскав ва Пекин назар медӯзанд.

"Нигаронии ҷаҳонӣ"

Нашрияи Newsweek маводеро нашр намуд, ки мавзӯи меҳварии он муносибатҳои байни Русия ва Лубнон мебошад. Чуноне, ки муаллиф қайд менамояд, "Кремл кӯшиш кард, ки аз нуфузи афзояндаи худ дар Шарқи Наздик манфиат бардорад".
Ин ба он вобаста аст, ки ИМА аз баҳри ҳамаи самтҳои муҳими сиёсати хориҷиаш, ба истиснои самти украинӣ, баромадааст.
Наздик шудан бо Бейрут метавонад барои Маскав бандарҳо ва бозорҳои нави тиҷоратиро боз намояд.
Ин бошад, дар навбати худ, ба канорагирӣ аз таҳримҳои ғарбӣ мусоидат карда метавонад, мегӯяд сутуннигори Newsweek.
Ходими калони илмии Институти шарқшиносии АИР Игор Матвеев қайд мекунад, ки Русия имкон дорад ба бахши энергетика ва захираҳои табии Лубнон дастрасӣ пайдо намуда, лоиҳаҳои муштаракро пиёда созад.
Владимир Зеленский на церемонии вручения премии Карла Великого в Аахене. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2023
"Сарнагун мешавад": Амрико Зеленскийро аз таҳдиди артиши Украина ҳушдор дод
Бейрут ягона иттифоқчии Маскави ИМА-ро дар ташвиш гузошта нест. Фаъолнокии ховаримиёнагии Маскав мустаҳкам намудани мавқеашро дар Сурия, наздик шудан бо кишварҳои Африқо ва давлатҳои халиҷи Форсро дар бар мегирад (ки саммити ахири Санкт-Петербург – муаррифгари ин буд).
Дар баробари ин, намояндаи расмии Департаменти давлатӣ изҳор дошт, ки дар Вашингтон "хатар доштани ҳамкории наздик бо Русияро" қайд менамояд.
"Нигаронии мо аз фаъолияти хусусияти ҷаҳонӣ доштаи он аст, на дар зовияи муносибатҳо бо ягон кишвар", - илова менамояд сутуннигор..

Яккаҳукмфармоёни Халиҷи Форс зидди Байден

Ҳафтае пеш рӯзномаи The New York Times (NYT) маводи зиёдеро дар бораи аз даст додани мавқеи Вашингтон дар Шарқи наздик нашр намуд. Дар маркази диққат Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) қарор дошт.
"Аморати муттаҳидаи Араб, ки сарвати худро ба нуфузи бузурги ҷаҳонӣ табдил додааст, ба сиёсати хориҷии ИМА назари дигар дорад, хусусан - вақте ки сухан дар бораи дар танҳоӣ гузоштани Русия ва маҳдуд сохтани робитаҳо бо Чин меравад", — менависанд муаллифон.
Шайх Муҳаммад ибни Зоид -иттифоқчии калидии Амрико дар минтақа - дар як соли охир ду маротиба ба Русия - барои мулоқот бо президент Владимир Путин сафар кардааст.
Дар моҳи июн бошад дар ҳамоиши асосии сармоягузории пешвои русиягӣ (Форуми байналхалқии иқтисодии Петербург) АМА ҳамчун меҳмони фахрӣ муаррифӣ гардид (таҳрири идора), хотиррасон менамоянд дар нашрия.
Флаг Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Расонаҳо: Анқара омодааст барои қатъи амалиёт дар Украина миёнаравӣ кунад
Дар ҳамин ҳол, шайх соли 2017 боз ба Иёлоти Муттаҳида парвоз накардааст ва аз он замон инҷониб мушкилот танҳо афзудан дорад.
Масалан, дар соли 2021 созишнома дар бораи хариди ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 аз ҷониби АМА қатъ шуд.
"Оё системаи амрикоӣ амалан метавонад ба шумо чизи дилхоҳатонро диҳад? – дар шигифт аст Анвар Гаргаш, мушовири дипломатии Муҳаммад ибни Зоид.
Моҳи август нерӯҳои ҳавоии аморатӣ ва чинӣ нақша доранд, ки бори нахуст машқҳои муштарак баргузор намоянд.
Ҳарчанд , пештар АМА дар масъалаҳои вобаста ба мудофиа пеш аз ҳама ба пуштибонии амрикоӣ эътимод дошт.
"Он чизе ки мо дар тартиботи байналмилалӣ мушоҳида дорем, - ин ҳатман ҷаҳони бисёрқутбӣ нест, вале мо ҷаҳони бештар ноустуворро мебинем",- изҳор дошт Гаргаш ба NYT.
Соли гузашта ӯ хеле шадидтар баромад дошт – вақте мегуфт, ки яккаҳукмфармоии ғарбӣ "рӯзҳои охирро аз сар мегузаронад", - таъкид дорад нашрия.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2023
Амрико аз шикасти нерӯҳои мусаллаҳи Украина изҳори норозигӣ кард
Таҳлилгарони амрикоӣ бар ин назаранд, ки Аморати муттаҳидаи Араб дар асл "намоишномаеро" навиштааст, ки он аз дигар кишварҳо нусхабардорӣ карда шудааст.
Масалан, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ низ аз Вашингтон рӯй гардонида истодааст. Ин дар муносибатҳои шахсӣ низ дида мешавад - соли гузашта ҳокимони кишварҳои Халиҷи Форс бо Ҷо Байден ҳатто тавассути телефон муошират кардан нахостанд ва тамоми сиёсати хориҷии худро аз нав дида баромаданд.
Баҳори соли равон бо миёнаравии Чин саудиҳо бо Эрон созишнома дар бораи барқарор сохтани робитаҳои дипломатӣ ба имзо расониданд.
Дан ин маврид амрикоиҳо, ки фишорро ба Теҳрон идома дода истодаанд, умуман нодида гирифта шуданд.

"Ҳавлии дарун" пешравӣ дорад

ИМА-ро нокомиҳо на танҳо дар Ховари миёна дунболгирӣ доранд. Вашингтон мавқеи худро дар Амрикои Лотинӣ, ки онро муддатҳои тӯлонӣ "ҳавлии дарун" - и худ меҳисобид, аз даст дода истодааст.
Пас аз шиддат гирифтани муносибатҳо бо Русия ва Эрон, ИМА кӯшиш дошт, ки аз ҷониби Венесуэла дар мавриди масъалаҳои нафтӣ дастгирӣ ёбад.
Ҷумҳурии Боливарӣ муддатҳои дароз аст, ки таҳти таҳримҳои амрикоӣ қарор дорад.
Бар ивази тадриҷан бекор кардани таҳримҳо, Кохи Сафед умед дошт, ки ба нафти Венесуэла дастрасӣ пайдо мекунад.
Аммо, пас аз он ки меъёри букмекерӣ ба сиёсатмадори мухолиф Хуан Агуадо кор надод, президент Николас Мадуро ҳокимияташро танҳо тақвият дод.
Ва ният дорад аз фикраш нагардад. Бархе аз ширкатҳои ғарбӣ ба истихроҷи нафт дар қаламрави ин ҷумҳурӣ дастрасӣ пайдо намуданд, аммо наздикшавие, ки ИМА чашмдораш буд, сурат нагирифт, қайд мекунад Эллиот Абрамс, собиқ намояндаи махсуси амрикоӣ дар Венесуэла.
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Патрушев: пирӯзии Русия дар Украина такон барои тағйирот хоҳад шуд
Бештар аз ин, ӯ дар маводи барои Шӯрои муносибатҳои байналмилалӣ нашршуда (дар Ню-Йорк ҷойгир аст) хотиррасон месозад, ки ҳатто вазифаи ӯ бекор карда шуд. Яъне робитаҳои Вашингтон Ва Каракас пештара дида заифтаранд.
Бразилия, ки дар баробари Русия ва Чин аъзои БРИКС аст, низ дандонҳоро гизкунӣ дорад. Ин кишвари амрикои лотинӣ бо президенти наваш Лула да Силва, ки дар мавриди низои украинӣ мавқеи бетарафиро ишғол намуд, ҳамкориро бо Пекин афзоиш дода истодааст ва кӯшиш дорад узви доимии Шӯрои Амнияти СММ шавад.
Ҳини татбиқи чунин сенария, бо ба даст овардани ҳуқуқи вето, бразилиягиҳо монеаи наве барои қабули қарорҳои амрикоигаро дар сатҳи байналхалқӣ хоҳанд буд. Айни замон, воқеан, барои ин салоҳияти Русия ва Чин кофист.

Ҳамаро ноумед карданд

Ва ниҳоят, мушкилоти амрикоиҳо дар мавриде, ки гӯё ихтилофҳои камтарин бояд бошанд, ҷой доранд.
Шарики ИМА дар НАТО - Туркия - солиён зиёд аст, ки сиёсати мустақили хориҷии худро бо майли ошкоро сӯи Русия пеш мебарад.
Ба Анқара на тавассути дӯғу даранг, на бо оҳанги даҳшатноки ИМА ва на тавассути чораҳои манъкунӣ ба монанди маҳдудсозии барномаи истеҳсол ва содироти ҳавопаймоҳои ҷангӣ таъсир расонидан ғайриимкон аст.
Имрӯз бошад туркҳо бо нерӯи бештар аз пештара баромад доранд. Дар ихтиёри президент Эрдуғон кам не, ғам не ояндаи паймони Атлантикаи Шимолист. Воқеан, маҳз Туркия аст, ки Шветсияро ба ин иттиҳоди низомӣ роҳ намедиҳад.
Ва ҳарчанд Кохи Сафед бовар кунониданист, ки роҳ кушода аст – ин муаммо боз аст ва роҳи ҳаллаш дида намешавад.
Шарикони ИМА дар ИА-ро қонуни табъизомез - "Қонун дар бораи паст кардани таваррум" ба ташвиш овардааст. Қонуне, ки ҳуқуқи таъминкунандагони аврупоиро дар бозори энергетикии сабзи Амрико маҳдуд месозад.
Бронеавтомобиль Дозор на военном параде на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2023
"Мо зид": Сиёсатмадори олмонӣ дар бораи интиқоли силоҳ ба Украина
Тадбирҳои ҷавобӣ аллакай андешида шудаанд ва аз рӯи якравию гарданшахии Байден ин тадбирҳо доманадортар хоҳанд буд.
Яке аз дидбонгоҳҳо осиёии ИМА - Кореяи Ҷанубӣ - низ бо даъвоҳои ба шикоятҳои аврупоиён ҳамсон садо баланд кардан дорад.
Ҷопон, ки аз афзоиши шиддати амрикоиҳо дар атрофи Тайван аз худ хавотирӣ мекашад, тасмим гирифт, ки вазъиятро таҳти назорат гирад. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, моҳи сентябр музокироти дуҷонибаи сатҳи олӣ бо Чин баргузор мегардад..
Мушкилоти ИМА дар он аст, ки кишвар ҳоло амалан ёрои аз релсҳои "украинӣ" ба сиёсати бисёрсамтаи хориҷии худ баргаштанро надорад.
Дастгирии Киев - яке аз нуқтаҳои камшумори тамос байни мақомдорони сиёсии амрикоӣ мебошад, ки бар замми ин ҳама ба интихоботи президентии соли 2024, ки дар остонааш қарор доранд, омодагӣ мебинанд.
Дар чунин шароит шумори кишварҳое, ки аз Иёлоти Муттаҳида рӯй гардонида истодаанд, на фақат кам намешавад, балки, бо эҳтимолияти зиёд, афзудан дорад.
Лентаи хабарҳо
0