Дар Хатлон қариб 500 ҷои нави корӣ фароҳам оварда шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Обуна шудан
Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода шудаанд, ки садҳо нафарро бо кор фаро гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Роҳбарияти вилояти Хатлон аз фаъолсозии 84 корхонаи саноатӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали соли равон ҳисобот дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ шудаанд.
Дар корхонаҳои навтаъсиси соҳаи саноат дар вилоят 467 ҷойи кории нав муҳайё гардидааст, афзуд манбаъ.
Мақомоти Хатлон мегӯянд, бунёдкориро дар шаҳру навоҳии вилоят бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо таҳким мебахшанд.
Эмомали Рахмон открыл новые цеха на заводе в Яване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Идомаи сафари Раҳмон дар Хоруғ: корхонаҳои пойафзолу коркарди санг боз шуд
Таъкид шуд, ки бахшида ба ҷашни сазовори Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва азнавсозии 6260 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Роҳбарияти вилояти Хатлон қайд намуданд, ки қисмате аз ин нақшаро аллакай татбиқ кардаанд ва мисол оварданд, ки то аввали июли соли 2023 дар 1447 бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Таъкид шудааст, ки корҳои бунёдкории анҷомёфта то ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон ба зиёда аз 23%-и нақшаи умумӣ баробар мебошад.
Дар назар аст, ки дар маҷмӯъ дар вилоят давоми соли равон наздики 1,4 ҳазор иншоот бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0