Раҳмон ба 100 кӯдакони ятиму маъюби ВМКБ туҳфаҳо тақдим кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Обуна шудан
Чун анъана раисҷумҳури кишвар зимни ҳар сафари кориаш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон хабар мегирад
ДУШАНБЕ, 17 август — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, дар мулоқоти имрӯза раисҷумҳури кишвар ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидон маҳрум мондаанд, маҷмуи сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим кард.
Таъкид шудааст, ки ҳангоми тақдими туҳфаҳо гуфта шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандон аз оилаҳои ниёзманд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад ва барои беҳтар кардани шароити таҳсил ва зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Эмомали Рахмон открыл новые цеха на заводе в Яване - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Идомаи сафари Раҳмон дар Хоруғ: корхонаҳои пойафзолу коркарди санг боз шуд
Президенти кишвар бо кӯдакону наврасони ноҳияҳои вилоят суҳбати самимӣ кард, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, андӯхтани дониши замонавию касбу ҳунар ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки ҳукумати кишвар ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону ниёзмандон тавваҷҷуҳи ҳамаҷониба дорад.
“Дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ карда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу миллат хизмати шоиста намоянд”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0