Паҳлавони ӯзбек ҷудокори тоҷикро аз ҳаққи идомаи сабқат дар Хорватия маҳрум кард

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Обуна шудан
Яке аз ду намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудокорон дар Хорватия - Zagreb Grand Prix-2023 дучори шикаст шуда, аз ҳаққи идомаи бозӣ маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ҷудокори тоҷик, Обид Ҷебов, ки даври аввалро дар Zagreb Grand Prix-2023 бо пирӯзӣ бар рақиби литвагияш Андрей Клоков оғоз намуд, дар даври дуюм аз паҳлавони ӯзбек, Муҳриддин Тилолов шикаст хӯрд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Ҷебов баъди шикаст аз ҳаққи идомаи сабқат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хорватия маҳрум шуд.
Намояндаи дуюм ва охирини Тоҷикистон дар ин мусобиқа Ҷаҳонгир Маҷидов мебошад, ки рӯзи 20 август дар вазни то 90 кило бо Петер Сафрани аз Маҷористон зӯр меозмояд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа мебоист 5 ҷудокор муаррифӣ менамуданд, аммо бо сабаби мушкили раводид Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов иштирок карда натавонистанд.
Сборная Таджикистана готовится к CAFA-2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Тими миллии Тоҷикистон дар "Ҷоми Мердека" иштирок мекунад
Мусобиқа аз 18-ум то 20-уми август дар шаҳри Загреби Хорватия бо ширкати беш аз 560 ҷудокор аз 88 кишвари дунё идома хоҳад дошт.
Барои иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, наздик 340 мард ва зиёда аз 220 зан номнавис шудаанд.
Рақобатҳо, чун анъана, дар ҳафт вазн миёни мардон ва дар 7 вазн миёни бонувон сурат мегиранд.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Аз ҷумла, ғолибон дар ҳамаи вазнҳо ҳар кадоме 3 ҳазор евро, барандагони медали нуқра - 2 ҳазор евро ва барандагони медали биринҷӣ - 1 ҳазор евро мукофотпулӣ мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0