Дар ВМКБ қариб 400 омӯзгор намерасад

© AFP 2023 / XAVIER LEOTYУчитель во время урока. Архивное фото
Учитель во время урока. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2023
Обуна шудан
Айни ҳол барои пур кардани ҷойҳои холӣ дар макоти ВМКБ омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, ғайрипедагогӣ ва нафақахӯрон фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Масъулини маориф ҳисоб кардаанд, ки дар миқёси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 389 омӯзгор намерасад.
Ба иттилои мақомоти маорифи вилоят, барои пур кардани ҷойҳои холӣ омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, ғайрипедагогӣ ва нафақахӯрон ба фаъолият ҷалб гардидаанд.
Норасоии кадрҳо аз ҷумла дар мулоқоти ахири президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон дар ВМКБ баррасӣ шуда, роҳбари давлат бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ андешидани тадбирҳои фаврӣ ва мушаххасро талаб намуд.
Мақомот мегӯянд, айни ҳол дар ноҳияи Ишкошим 87 нафар, Дарвоз 64, Роштқалъа 58, Шуғнон 49, Мурғоб 47, Рӯшон 41, шаҳри Хоруғ 2 ва Ванҷ 15 нафар омӯзгорони ғайриихтисос ва нафақахӯр фаъолият доранд.
Школьники на уроке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Ҷайҳун омӯзгорони Бадахшонро ҷалб мекунад
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран изҳор дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 39 ҳазор нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 3200 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишварро хатм намудаанд.
Ӯ афзуд, аз соли 1997 то соли 2023-юм наздики 3,6 ҳазор хатмкардагони мактабҳои вилоят, аз ҷумла 1901 духтар ва 1694 писар ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникаву технология ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд.
Ҳоло 653 нафар ҷавонони вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд, изҳор дошат буд Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0