Як сония аз чемпион ақиб монд: Натиҷаи ягона давандаи тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

© Sputnik / Виталий БелоусовЛегкая атлетика. Бег, архивное фото
Легкая атлетика. Бег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
Обуна шудан
Фаворис Музрапов ягона намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон-2023 дар риштаи дав иштирок карда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давандаи тоҷик, Фаворис Музрапов дар даври гуруҳӣ миёни ҳашт нафар 7-ум омада ҳаққи идомаи сабқатро аз даст дод.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи варзиши сабук дар Будапешт, ягона намояндаи ҷумҳурӣ - Фаворис Музрапов - дар дав ба масофаи 100 метр нерӯ санҷид.
Манбаъ афзуд, ки Фаворис дар даври интихобӣ дар гурӯҳаш бо натиҷаи 10.88 сония сеюм шуда ба марра расид, вале дар даври гурӯҳӣ дар гурӯҳи 1-ум бо натиҷаи 10.99 миёни ҳашт нафар ҳафтум шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин масофа миёни мардҳо Ноаҳ Лилеси амрикоӣ бо натиҷаи 9,83 ҷои аввал, Летсиле Тебого аз Ботсвана бо натиҷаи 9,88 ҷои дуюм ва Жарнел Ҳугес аз Британия бо натиҷаи 9,88 ҷои сеюмро соҳиб гардиданд.
Таджикские легкоатлеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2023
Давандаи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ рекорд гузошт
Мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи варзиши сабук рӯзҳои 19-27 август дар Будапешт бо ширкати тақрибан 2 ҳазор варзишгар аз қариб 200 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
Фаворис Музрапов ба қаҳрамонии ҷаҳон тибқи квотаи Созмони байналмилалии варзиши сабук роҳ ёфт.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук варзишгарони тоҷик то ҳол ҳамагӣ се медал - 2 тило ва як нуқра ба даст овардаанд, ки ҳамаашон дар риштаи гурзандозӣ мебошад.
Ду медали тило ба гурзандози тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1992 дар Барселона Андрей Абдувалиев тааллуқ дорад. Ӯ соли 1993 дар Штутгарт ва соли 1995 дар Гетеборг ҷоизаи олиро ба даст овард.
Гурзандози дигари тоҷик Дилшод Назаров - қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро - дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2015 дар Пекин медали нуқра ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0