Муттақӣ: Кишварҳои ғарбӣ шартҳои мушаххас барои ба расмият шинохтан ироа накардаанд

© AFP 2023 / HOSHANG HASHIMIВазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо мегӯяд, ки кишварҳои ғарбӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати феъли дар Афғонистон аз ҳар масъала баҳонаҷӯи мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумат толибон* Амирхон Муттақӣ гуфтааст ки кишварҳои ғарбӣ аз мавзуи ба расмият шинохтан ба унвони василаи фишор истифода мекунанд, иттилоъ додааст "Радиои дарӣ".
Вай таъкид кард, кишварҳои ғарб то кунун шартҳои мушаххасе барои ин кор ироа накардаанд.
Оқои Муттақӣ дар барномаи ҳисобдиҳии давлат ба миллат гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бар ҳукумати ҳамашумул, ҳуқуқи башар ва масоили амниятӣ таъкид мекунад, аммо ҳеҷ кишварӣ вуҷуд надорад, ки бахотири ин шароит ба расмияти шинохта шуда бошад.
Муттақӣ дар ин мусоҳибаи худ афзуд, ки лиҳозои инро метавонем баҳона бишуморем.
 Посол РФ в Исламской Республике Афганистан Дмитрий Жирнов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2023
Таъкиди Русия бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон
Сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон* таъкид кард ки дипломатҳои ҳукумати феълии Афғонистон дар бархе аз кишварҳо фаъолият мекунанд.
Вай илова кард, ки шуморе аз сафоратхонахоҳо низ дар Кобул боз ҳастанд.
Муттақӣ таъкид кард, ки равобити ҷаҳон бо Афғонистон ба сӯии беҳтар шудан дар ҳаракат дорад.
* - созмон ё гкрӯҳе, ки барои амалҳои террористиаш зери таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0