Корхонаи истеҳсоли коғази ташноб дар Суғд ба коми оташ рафт

© SputnikВ Согде горит крупное предприятие
В Согде горит крупное предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Мошинҳои сӯхторнишонии чанд шаҳру навоҳии вилояти Суғд фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд. Дар ҳоли ҳозир дар бораи осебдидагон хабаре нест
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор сар зад.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса хабар доданд, ки зуҳри имрӯз тақрибан соати 11:45 дақиқа дар корхонаи истеҳсоли коғази ташноб сӯхтор рух дод.
Ин корхона дар канори гардиши роҳи шаҳри Бӯстон дар даромадгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд аст.
Ба ҷоийи якчанд мошинҳои сӯхторнишонкунӣ сафарбар гардидаанд. То ҳол мақомот дар бораии осебдидагон дар ин сӯхтор маълумоте интишор накардааст.
Ин корхона дар наздикиаш мағозаи фирмавии, коғази ташноб, собун, айна ва дигар маводи кимёии шустушӯи ташкил карда буд.
Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Дар Суғд ба маблағи 9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд
Ба иттилои манбаъ, ин мағоза низ дар ин сӯхтор осеб дидиааст.
Аз Идораи сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 8 мошини обпоши шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон Гулистон бо ҷойи ҳодиса сафарбар шудааснд.
Лентаи хабарҳо
0