Парвози аввалини "Суперҷет"-и навтарини русиягӣ чӣ аҳамияте дорад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкСамолет "Сухой Суперджет" SSJ100
Самолет Сухой Суперджет SSJ100 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2023
Обуна шудан
Ҳавопаймои муосири сохти Русия “Суперҷет”-такони нави технологӣ барои оянда буда, муҳаррики он - ҷузъи муҳимтарин ва мураккабтарин аст.
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Парвози ҳавопаймои воридотивазкунандаи SJ - 100 дар Комсомолски лаби Амур 29 август эҳёи саноати авиатсиониро муаррифӣ намуд, ки барои афзоиши истеҳсолот, зиёд намудани номгӯи силсилаи моделҳо ва дар зарфияти оянда - пешоҳанг гаштани Русия дар соҳаи ҳавопаймосозии гражданӣ мебошад.
Ростех 29 август дар бораи парвози аввалини 53-дақиқагии Суперҷети воридотивазкунанда дар Комсомолски лаби Амур хабар дод.
Намунаи озмоишии ҳавопаймои масофаи павозашон наздики русиягии SJ-100, ки аз ҷониби Маркази истеҳсолии "Яковлев" таҳия шудааст, идоракунии хуб ва устуворӣ дар ҳаво дар баландии то 3 ҳазор метрро нишон дод. Кори мунтазами ҳамаи маҷмааҳо ва қисмҳои ҳавопаймо тасдиқ гардид, ки 40 адади онҳо дар се соли охир ба қисмҳои ватанӣ иваз карда шуданд.
Ҳиссаи ҷузъҳои воридотӣ дар Суперҷет қаблан ба 70% мерасид, аммо SSJ-100 – и нави русиягӣ аз ҷиҳати сохт мошини комилан дигар аст.
Самолет Airbus A320neo авиакомпании S7 Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2022
Русия ва Ӯзбекистон якҷо ҳавопаймо истеҳсол мекунанд
Таҳиягарон ва истеҳсолкунандагони русиягӣ тавонистанд навгониҳои конструкторӣ ва технологии худ, аз ҷумла - авионика, шасси, насби таҷҳизоти нерӯии ёрирасон, системаи мукаммали идоракунӣ, инчунин - системаҳои таъминоти барқ, системаи сардкунӣ, муҳофизати зидди сӯхтор ва ғайраро амалӣ гардонанд ва дар ҳавопаймо татбиқ созанд. Муҳаррикҳои намуди ПД-8, ки озмоишҳои парвозии онҳо моҳи декабри соли 2022 оғоз ёфта буд, сазовори таваҷҷӯҳи алоҳида мебошанд.
Барои суръат бахшидан ба барномаи озмоишии Суперҷети нав дар намунаи таҷрибавӣ муҳаррики "кӯҳнаи" франко-русии SaM146 истифода бурда шуда истодааст. Муҳаррикҳои русиягиро SJ-100 воқеан ҳам пас як ҳафта хоҳанд гирифт.
Суперҷети насли нави рақамии русиягӣ - инқилоби технологӣ барои оянда аст.
Муҳаррик - ҷузъи муҳимтарин ва мураккабтарини ҳавопаймо мебошад. Муҳаррики анъанавии дуконтурии турбореактивии намуди ПД-8 дар ҳолати муваққатан афзоиш додани бор то 8 ҳазор кг буда, бо назардошти таҷрибаи кор болои муҳаррики намуди ПД-14 (барои МС-21) бо ҷалби мутахассисон ва технологияҳои кайҳонии иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии Энергомаш сохта шудааст.
Муҳаррики намуди ПД-8 моҳи майи соли 2022 аз озмоишҳои лабораторӣ бомуваффақият гузашт ва озмоишҳо дар ҷараёни парвоз дар ҳайати озмоишгоҳи парвозкунандаи Ил-76 ба анҷом расонида шуда истодаанд.
Чанде пеш вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров қайд намуд, ки лоиҳаи муҳаррики намуди ПД-8 истиқлолияти технологии Русияро барои даҳсолаҳои оянда таъмин мекунад.
Запуск первой в истории России автоматической станции Луна-25 - видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2023
Аввалин партоби мушаки моҳварабар бакураи Моҳ "Луна-25" дар таърихи Русия – видео
Муҳаррики турбореактивии ПД-8, ки барои ҳавопаймоҳои нави SSJ-100, Бе-200, Ил-112В ва чархболи гаронвазнини Ми-26 пешбинӣ шудааст, то охири соли 2023 аз сертификатсия гузашта, истеҳсоли оммавиим онҳо ба роҳ монда мешавад.

Алорағми таҳримҳо

Ҳавопаймои реактивии магистралии насли нави масофаи парвозаш наздики SJ - 100 масофаи парвозро тадриҷан то 4,3 ҳазор км зиёд намуда, бо иқтидори кашонидани то 103 мусофир (вазни ниҳоии тиҷоратӣ - 10,8 ҳазор кг) хело равон мутобиқ мекунад.
Афзалиятҳои Суперҷет - аэродинамикаи аъло, ҳини сарфи камтарини сӯзишворӣ суръати ҳаракаташ 930 км/соат, системаи идоракунии барқӣ-фосилавии парвоз, имконияти истифодабарӣ дар хати нишасти павози тӯлаш то 2 ҳаз метр, имконияти парвоз дар минтақаҳои иқлимаш гунногун ва ҳарораташ аз 45 дараҷа гарм ва ҳам то 54 дараҷа хунук.
Дар Русия тақрибан дусад SJ-100 сохта шудааст ва ин намуд ҳавопайморо 9 ширкати ҳавопаймоӣ истифода мебаранд. Ва танҳо "Аэрофлот" 89 адад ҳавопаймои намуди SSJ-NEW-ро фармоиш дод. Аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷа низ талабот меафзояд: Ширкати ҳавопаймои мексикоии Interjet 30, ширкати ҳавопаймоии ирландии CityJet - 15, ширкати индонезии Sky Aviation -12, ширкати таиландии kom Airlines - 6, ширкати швейтсарии comlux 2 адад суперҷетҳои SJ – 100 адад фармоиш додаанд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии эронии Iran Aseman Airlines ва Iran Air Tours созишномаро дар бораи харидории 40 ҳавопаймои SSJ-100 дар таҳияи нав, яъне бо ҷузъҳои истеҳсоли куллан русиягӣ, фармоиш додаанд. Ва ин фақат ҷузъи рӯйхати фармоишгарони хориҷӣ аст.
Испытание гиперзвуковой ракеты Циркон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
Зери об ва ноаён: Мушаки фавқ-ус-садои "Сиркон"-и Русия ба чӣ қодир аст?
Сарнишин-озмояндаи дараҷаи якум Леонид Чикунов аз соли 2008 инҷониб дар SJ-100 парвоз мекунад ва ин тайёраро хеле баланд баҳогузорӣ мекунад: осонии идоракунӣ, эътимоднокӣ ва бехатариашро алоҳида қайд мекунад.
Ҳатто, фаразан, дар ҳолати аз кор мондани ҳарду муҳаррик, Суперҷет қодир аст дар баландии 10 ҳазор метр то 150 км парвоз кунад ва ин имкон медиҳад, ки ҳавопаймо дар фурудгоҳи наздиктарин фуруд оварда шавад.
Аз оғоз, SJ – 100-ро барои парвоз дар хатсайрҳои наздик ва миёна барои иваз намудани ҳавопаймоҳои Як-42, Ту-134, Ту-154, ки истеҳсоли оммавии онҳо қатъ гардида буд, сохта буданд.
Ширкати русиягии "Сухой" Суперҷетҳоро дар шарикии стратегӣ бо ширкати итолиёвии Alenia Aeronautica, дар ҳамкорӣ бо ширкати фаронсавии Snecma ва корпоратсияи амрикоии Boeing таҳия менамуд.
Аммо дар шароити таҳримҳои ғарбӣ кооперасияи байналмилалӣ комилан заиф будани худро нишон доданд.
Маҳдудиятҳои баҳори соли 2022 алайҳи авиатсияи граждании русиягӣ нақшаҳои лоиҳаҳои алоҳида, ва дар маҷмӯъ, стратегияи саноати ҳавопаймосозиро ба таври назаррас дигаргун сохтанд.
Қатъи интиқоли қисмҳои эҳтиётӣ аз хориҷа (барои ҷамъоварии муҳаррикҳои намуди Sam146 дар Рибинск) имконияти истеҳсоли Superjet 100-ро дар шакли сертификатсияшуда имконнопазир сохт.
Моро зарурат пеш омад, ки ҷузъҳои воридотивазкунандаро таҳия ва истеҳсолашонро ба роҳ монем (муҳаррики ПД-8 соли 2019 таҳия карда шуда буд) ва сертификатсияи SSJ-New-и аслии нави сирф русиягиро гирем. Ва, чӣ хеле, ки мегӯянд, поёни шаби сияҳ сафед аст.
Совместного учения военнослужащих 201-й российской военной базы и подразделений вооруженных сил Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Фарёди ҳастаӣ, ё мушаки "Буревестник" -и Русия ба ҷаҳон чӣ суруд мехонад
Дар ҷаласаи февралии Рибинск котиби Шӯрои Амнияти Русия Николай Патрушев изҳор дошт ба нақша гирифта шудааст, ки ҳиссаи ҳавопаймоҳои истеҳсоли худӣ дар парки ширкатҳои ҳавопаймоии русиягӣ дар солҳои наздик аз 35 то ба 81 фоиз расонида шавад.
Барномаи рушди комплексии соҳаи нақлиёти ҳавоии Русия то соли 2030 пешниҳоди зиёда аз 1000 ҳавопайморо пешбинӣ мекунад, аз ҷумла - 270 адад МС – 21, 142 Суперҷет, 70 ҳавопаймои магистралии Ту-214, инчунин-100 ҳавопаймои минтақавии ба пуррагӣ навшудаи Ил-114-300, ки ба минтақаҳои мураккаби иқлимӣ парвоз карда метавонанд.
Барои истеҳсолиомамавии ҳавопаймоҳо ва чархболҳои русиягӣ истеҳсоли қариб панҷ ҳазор муҳаррик пешбинӣ гардидааст.
Иқтидори илмӣ-истеҳсолии саноати авиатсия ба Русия имкон медиҳад, ки на танҳо дар соҳаи ҳавопаймосозии ҳарбӣ, балки дар соҳаи ҳавопаймосозии шаҳрвандӣ низ дар ҷаҳон пешсаф гардад.
Авиатсия яке аз нуктаҳои меҳварии рушди технологияҳои замонавӣ гардида истодааст.
Ва агар муҳаррики намуди ПД-14 барои рақобат бо ҳавопаймоҳои миёнамагистралии маъмултарини ҷаҳон Boeing-737 (ва ҳамсонҳои аврупоии он) асос ёфта бошад, пас муҳаррики навтарини намуди ПД-8 мавқеи Русияро дар бахши истеҳсоли ҳавопаймоҳои минтақавии хеле серхаридор мустаҳкамтар менамояд.
Запуск ракеты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Русия метавонад ҷаҳонро аз 8000 мушаки болдори НАТО дифоъ кунад
Имрӯз ҳеҷ яке аз рақибони Boeing ва Airbus қодир нестанд, ки истеҳсоли муҳаррикҳои худро ба роҳ монанд ва ин вобастагӣ аз интиқолу таъминоти амрикоӣ ва аврупоиро ба миён меорад.
Бо оғози истеҳсоли оммавии муҳаррики намуди ПД-8 дар заминаи пойгоҳи технологии худ, Русия гузинаи истиқлолият аз Ғарбро ба ҷаҳон медиҳад.
Ва ин боз як қадами дигари боварибахш ба сӯи ҷаҳони бисерқутбаву амнияти баробар ва тақсимнашаванда аст.
Лентаи хабарҳо
0