Сафири ҷадиди Эрон ба вазири хориҷаи Тоҷикистон нусхаи эътимоднома супурд

© ВУХ-и ТоҷикистонМаросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Эрон дар Тоҷикистон
Маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Эрон дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2023
Обуна шудан
Ахиран сафири тоза таъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе нусхаи эътимодномаашро ба вазии хориҷаи Тоҷикистон супурд
ДУШАНБЕ, 2 сен – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири навтаъйини Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиёнро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дурнамои рушди равобити Тоҷикистон бо Эрон табодули назар намуданд.
Қайд карда шудааст, ки вазир сафири тозатаъйинро бо оғози фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки ӯ ба тавсеаи муносибатҳои дуҷониба мусоидати фаъол хоҳад кард.
Истиқболи сафири ҷадиди Эрон Алиризо Ҳақиқиён дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2023
Истиқболи сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли равон сафири ҷадиди Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар фурудгоҳи пойтахт сафирро намояндагони вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва кормандони сафорат истиқбол гирифтанд.
Оқои Ҳақиқиён то қабл аз интисоб ба самти сафири Эрон дар Тоҷикистон масъулиятҳои мухталиф, аз ҷумла, мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон, сафири Эрон дар Покистонро дар савобиқ худ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ пеш аз Ҳақиқиён ҳудуди панҷ сол сафири Эрон дар Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0