Тоҷикистон яке аз содиркунандаи аслии тарбуз ба Қазоқистон шуд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевАрбузы
Арбузы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2023
Обуна шудан
Дар 7 моҳи охир Қазоқистон ба маблағи 8,9 миллион доллар тарбузу харбуза харидорӣ кардааст, дар робита ба ин, Остона воридкунандагони асосиро гуфт
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Ҳаҷми воридоти тарбузу харбуза ба Қазоқистон дар 7 моҳи соли 2023 43,5 ҳазор тонна ба маблағи 8,9 миллион долларро ташкил додааст.
Дар ин бора Кумитаи давлатии даромади ин ҷумхурӣ хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, маълум шуд, ки Тоҷикистон аз ҷихати таъминоти полезии ширин ба Қазокистон яке аз пешсавон аст. Ҷумҳури дар ин муддат 421,5 тонна тарбузу харбуза ба маблағи 65,3 ҳазор доллар содир кардааст.
Дигар таъминкунандагони асосӣ ҳамсояҳои наздиктарини Қазоқистон - Эрон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Арбузы без косточек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Кадомаш ширинтар: Чӣ тавр тарбузро бояд интихоб кард?
Зимнан, дар худи Тоҷикистон имсол якбора дар авҷи мавсими тобистон болоравии ғайримунтазираи қимати харбузу тарбуз мушоҳида шуд.
Фурӯшандагон иллати онро набуди обёрӣ ва ҳосили кам арзёбӣ карданд, аммо ба назар мерасад, ки ҳосил танҳо барои бозори дохилӣ "бад" буду барои содирот "хуб" будааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳаҷми фурӯши тарбузи барвақт ба кишварҳои хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0