Таҷлили истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав - видео

Обуна шудан
Дар шаҳри Маскав бо ҳузури меҳмонони зиёд Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотӣ иброз намуд, ки ба даст овардани истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як воқеаи сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ буда, ҳамзамон эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, аъзои ҳукумати Русия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии ин кишвар, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Русия иштирок доштанд.
Маҳсулоти ғизоӣ ва саноатии арзон дар Рӯзи истиқлолият
Оқои Гулмаҳмадзода зимни суханрониаш аз дастовардҳои муҳимтарини давлат дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин муносибат ва ҳамкорӣ бо Русия таъкид кард.
Сафир таъкид кард, ки воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва сарвати миллӣ аст.
Дар назди ҳозирин инчунин Вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин сухан гуфт.
Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Паради ҳарбӣ дар Душанбе ба ривояти тасвир - аксҳо
Чорабиниро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгӯ аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид.
Ҳамзамон ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ, инчунин мавзеъҳои беҳтарини сайёҳии мамлакатамон манзур гардид.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин дар саҳни толори меҳмонхонаи "The Ritz-Carlton" намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ пешкаши меҳмонон гардид.
Лентаи хабарҳо
0