Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо подшоҳи Марокаш

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониён аз заминларза дар Марокаш таъзия баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон дар ин офати табиӣ шифои комил хостааст
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи шоҳигарии Марокаш, Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи тасаллӣ ирсол намудаст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз заминҷунбии пурқурбонӣ дар Марокаш изҳори андуҳ кардааст.
"Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари зилзилаи шадид дар кишвари дӯсти Марокаш боиси андӯҳи амиқи мо гардид", - гуфтаст Раҳмон.
Вай ба хонаводаҳои қурбониён аз заминларза дар Марокаш ҳамдардӣ баён намуда, ба ҷароҳатбардоштагон дар ин офати табиӣ шифои комил хостааст.
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
ВМКБ такон хурд: Заминларза дар куҷо рух дод?
"Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Марокаш изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам",-изҳор доштаст раисҷумҳур.
Маврид ба зикр аст, ки шоми 8 сентябр Марокашро заминларзаи шадид такон дод, ки ба иттилои Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин иқтидори он дар марказ наздики 6,9 дараҷа будаст.
Теъдоди қурбониёни офати табиӣ, тибқи маълумоти ахир, аз 1,3 ҳазор нафар гузашт, беш аз 1,8 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Подшоҳи Марокаш ба хотири қурбониёни заминларза дар кишвар мотами серӯза эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0