Фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия бо мақомоти Тоҷикистон беҳтар мегардад

© Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар РусияБинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2023
Обуна шудан
Дар пойтахти Русия барои ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар сафорат утоқи кории вижа боз шудааст
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар бинои Сафорат дар кӯчаи Чаянови шаҳри Маскави Россия утоқи корӣ барои ҳамкории бештар бо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон утоқи корӣ боз шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин утоқи корӣ барои ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон, марказҳои маданиву фарҳангӣ ва ҳамкории пайваста бо созмонҳои ҷамъиятиву давлатии кишвари иқомат боз шудааст.
Қайд карда шудааст, ки ҳайати Котибот ва роҳбарони гуруҳҳои кории Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар он ҳамарӯза фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ёфт, ташкилоти мазкур ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангӣ ва мадании тоҷикон тақвият дода, муносибатҳои муштаракро бо созмонҳои ҷамъиятиву давлатии Русия ба роҳ мондааст.
Мулоқоти Акрам Сулаймонзода  бо муовини директори генералии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар вилояти Хатлон кай боз мешавад?
Инчунин, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои пайваста дар самти фароҳамоварии шароити мусоиди маданиву фарҳангӣ барои ҳамватанони бурунмарзӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ дар Хадамоти консулгарии Сафорат дар шаҳри Маскав Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ (диаспора) ва фаъолони ҷамъиятии Ҳавзаи Федералии Марказӣ таъсис дода шуда, чунин Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораҳо дар Ҳавзаи Шимолу Ғарби Русия дар шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград фаъолият дорад.
Манбаъ қайд кардааст, ки таъсиси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат барои таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Русия, мутобиқшавии ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ, тарғибу ташфиқи арзишҳои милливу таърихӣ, гиромидошти асолату ҳуввияти миллати тоҷик дар миёни насли ҷавон, тарбия намудани насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони кишвар заминаи муосидро фароҳам меоварад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки минбаъд барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии фарҳангиву маданӣ, фаъолони тоҷик, донишҷӯёну ҳамватанони муқими Русия барои баррасии мушкилоти худ метавонанд ба Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат дар Русия муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0