Консерти санъаткорони Осиёи Марказӣ дар Кохи Борбад

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонИштироки президентҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи ҳунарӣ дар "Кохи Борбад"-и шаҳри Душанбе
Иштироки президентҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар барномаи ҳунарӣ дар Кохи Борбад-и шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2023
Обуна шудан
Пойтахти Тоҷикистон давоми рӯзҳои охир на танҳо соҳибкорону сиёсатмадорони Осиёи Марказӣ, балки санъаткорони минтақаро низ ба ҳам овардааст
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дар Кохи Борбад дар ҳошияи вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертӣ - "Шоми дӯстӣ" баргузор гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ", дар баробари Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Туркманистон Сардар Бердиммуҳаммадов ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд.
Таъкид шудаст, ки аҳли фарҳангу санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки фарогири анъанаҳои деринаи милливу ҳамҷаворӣ ва равобити ҳасанаи давлатҳоро дар баромадҳои худ пешниҳоди иштирокдорон карданд.
Место строительства Национального театра РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Вазири фарҳанг замони анҷоми сохтмони Театри миллии Тоҷикистонро гуфт
"Мардумони давлатҳои Осиёи Марказиро муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, риштаҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек, дарки умумият ва ҳампаймонӣ бо якдигар мепайвандад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин роҳбарон ба ҳунари санъаткорон баҳои баланд додаанд.
Таъкид шудаст, ки давлатҳои Осиёи Миёна ба рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла фарҳангу санъат таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёд доранд.
Манбаъ афзуд, ки муколамаи боэътимод ва рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, яке аз авлавиятҳо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0