Бонки миллӣ сиккаҳои нав ба муомилат баровард

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2023
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикстон эълон кардааст, ки сиккаҳои 1, 3, 5 сомонӣ ва дирамҳои 20, 50-и барориши соли 2023 ба муомилот баровардааст
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон сиккаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 20, 50 дирам, барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонк.
Ба иттилои БМТ ин иқдом бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ сурат гирифтааст.
Масъулини Бонк қайд намуданд, ки тангаҳои барориши соли 2023 дар қатори сиккаҳои гардишии Бонки миллӣ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Таъкид шудааст, ки БМТ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Бонки миллӣ сиккаҳои ҷашнӣ аз металҳои қиматбаҳо ба муомилот мебарорад
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта БМТ эълон карда буд, ки аз санаи 01 июли соли 2022 сиккаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 50 дирам, барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешавад.
Сиккаҳои сохти соли 2022 дар қатори тангаҳое, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0