Сафари Шойгу ба Теҳрон: Мулоқот бо раҳбарони олии низомии Эрон - видео

Обуна шудан
Вазири дифои Русияро дар фурудгоҳи Теҳрон сардори ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Эрон генерал Мухаммад Боқирӣ пешвоз гирифт
Ҳайати Русия таҳти раёсати Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ахиран барои музокирот мақомоти низомии Эрон вориди шаҳри Теҳрон шуд, иттилоъ додааст Вазори дифои Русия.
"Дар ҷараёни сафар ҳайати вазорати дифои Русия бо раҳбарияти низомии Эрон як қатор гуфтушунидҳо анҷом медиҳад", - омадааст дар хабар.
Посухи Эрон дар бораи содироти паҳподҳои низомӣ ба Русия
Тавре ки манбаъ иттилоъ додааст, ин сафар "ба таҳкими равобити низомии Русия ва Эрон мусоидат хоҳад кард ва марҳалаи муҳим дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар хоҳад шуд"
Дар фурудгоҳи Теҳрон Вазири дифои Русия ва сардори ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими истиқболи расмии ҳайати Русия бо ширкати як ротаи посбони фахрӣ ва оркестр иштирок намуданд. Шойгуро шахсан генерал Муҳаммад Боқирӣ истиқбол гирифт.
Лентаи хабарҳо
0