“Бешаи Палангон” дар феҳристи ЮНЕСКО

© ВУХ-и ТоҷикистонБешаи Палангон
Бешаи Палангон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ворид шудани “Бешаи Палангон”-и кишвар ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО боз як минтақаи нодири Тоҷикистон дохил шуд, иттилоъ додааст вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.
“20 сентябри соли равон зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, ёдгории табиии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид”, - таъкид кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Мамнуъгоҳи давлатии табии "Бешаи палангон" — яке аз Мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии "Бешаи палангон" бо қарори Комисариати халқии кишоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст.
Встреча председателя комитета с директором регионального бюро ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
“Бешаи палангон” ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешавад
Мамнуъгоҳ дар ҳудуди имрӯза ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ аст ва яке аз ҷойҳои тамошобоби Минтақаи сайёҳии водии Вахш мебошад. Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" - ро туғайзор ташкил медиҳад. Аз ҳайвоноти нодир гавазни бухороӣ боқӣ мондааст, паланги туронӣ нест шудааст.
Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – паланги тӯронӣ "Бешаи палангон" номгузорӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0