Ҷамъоварии картошка дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон идома дорад - видео

Обуна шудан
Sputnik Тоҷикистон аз киштзори картошкаи ноҳияи Деваштич дидан карда, бо кори деҳқононе, ки ба нафъи кишвар кор мекунанд, ошно шуд.
Дар Тоҷикистон кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосили картошкаи тирамоҳӣ идома медиҳанд.
Ҳамин тариқ, ноҳияи Деваштич, деҳаи Каҷровут бозорҳои ҷумҳуриро бо зироати хушсифати бехмева таъмин хоҳад кард.
Деҳқонони ин ноҳия аллакай ҳосили фаровони картошкаро ҷамъоарӣ карда, ҳоло ҳам ғайратмандона меҳнат мекунанд.
Нони дуюм гарон мешавад? Дар Тоҷикистон кишти картошка кам шудааст

Қаблан Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҳосилнокӣ дар бархе аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, ки таъминкунандаи аслии ин маҳсулот барои пойтахт мебошанд, изҳори нигаронӣ карда буд.
амин тариқ, дар 33,5 ҳазор га замин тухмии картошка шинонда шуд, ки ин 84 % майдони киштро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳарчанд нисбат ба соли 2022 қариб 1,4 ҳазор га бештар маҳсулот кошта шуда бошад ҳам, ин нисбат ба соли ҷорӣ 6,5 ҳазор га камтар аст.
Лентаи хабарҳо
0