Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Киев дар самти Херсон зарфи як ҳафта таҳрибан 440 нафарро талаф дод

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкИнтенсивная подготовка разведчиков группировки "Юг" из числа военнослужащих ВС РФ на полигоне в ДНР
Интенсивная подготовка разведчиков группировки Юг из числа военнослужащих ВС РФ на полигоне в ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия аз амалиёти вижа дар хатти набард гузориш дода, талафоти бузурги низомиёни украинӣ дар як ҳафтаи охир дар самти Херсонро ифшо кард
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Вазорати дифои Русия рӯзи шанбе хабар дод, ки дар тӯли як ҳафта дар ҷараёни талошҳои ноком барои убури Днепр, нерӯҳои украинӣ дар самти Херсон ҳудуди 440 низомии худро аз даст додаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, низомиёни украинӣ дар сати Херсон кӯшиш намуданд, ҷазира ва соҳили чапи дарёи Днепрро ишғол намоянд.
"Дар ҷараёни набардҳо то 445 нафар низомиёни украинӣ, 9 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, 35 мошин, 11 тӯпхонаи саҳроӣ нобуд карда шуданд. Илова бар ин, фаъолияти ҳашт гурӯҳи тахрибкор саркӯб карда шуд", - афзуд вазорати дифоъ.
Зимнан, Вазорати мудофиа хабар дод, ки дар тӯли 24 соати охир системаҳои дифои ҳавоии Русия 5 мушаки зидди киштии Украина ва 37 ҳавопаймои бесарнишинро хароб карданд.
"Дар тӯли як ҳафта низомиёни украинӣ кӯшиш кард, ки ҳадафҳои нимҷазираи Қримро бо мушакҳои болдор ва ҳавопаймоҳои бесарнишин зарба занад. Дар ҳоле ки ҳамлаҳои системаҳои дифоъи ҳавоии Русия, панҷ мушаки болдор, як мушаки зидди киштии "Нептун" ва 37 ҳамлаи бидуни сарнишин ҳавопаймоҳо нобуд карда шуданд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Монумент независимости в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Аз Киев даст мекашанд: ИМА тақдири Украинаро гуфт
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.
Лентаи хабарҳо
0