Ҳайати тиҷории Адигея барои тавсеъаи ҳамкорӣ ба Тоҷикистон омад

© Foto / Центр поддержки экспорта АдыгеиДеловая миссия Адыгеи прибыла в Таджикистан
Деловая миссия Адыгеи прибыла в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2023
Обуна шудан
Намояндагии тиҷоратӣ ба манфиати истеҳсолкунандагони русӣ бо шабакаҳои чакана ва тавзкҳкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ вохӯриҳо ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ҳайати содиркунандагони Адигея бо дастгирии намояндагии тиҷории Русия вориди Душанбе шуд.
Дар ин бора сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Миссияи тиҷорӣ ширкатҳои истеҳсолкунандаи намак ва ҳанут, маҳсулоти шарбат аз меваю сабзавот, инчунин маҳсулоти ғалладонагиро намояндагӣ мекунад.
Барномаи вохӯриҳои корӣ рӯзи 25 сентябр кушода шуда, то 28-уми ҳамон моҳ идома хоҳад кард.
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2023
Ҷавонони соҳибкори Осиёи Марказӣ дар Душанбе ҷамъ меоянд
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков ба соҳибкорони рус дар бораи вижагиҳои тиҷорат бо ҷумҳурӣ дар шароити макроиқтисодии муосир маълумот дода, ҳамчунин самтҳои имконпазири кор ва ҷойҳои ояндадорро муайян намуд.
Илова бар ин, ба манфиати истеҳсолкунандагони колоҳои Русия, Намояндагии тиҷоратӣ вохӯриҳои B2B бо шабакаҳои пешбари чакана ва дистрибюторҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистонро ташкил намуд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳадди ақал 15 шарики эҳтимолӣ ба онҳо ташриф оваранд.
Лентаи хабарҳо
0