Сафири Тоҷикистон дар Русия соҳибкорони русро ба форуми “Душанбе-Инвест 2023” даъват кард

© Совет Федерации РФПосол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия соҳибкорони минтақаи Новосибирскро барои иштирок дар форуми байналмилалӣ ба шаҳри Душабе даъват кард
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия мулоқот бо волии минтақаи Новосибирск ҳайати намояндагони ин вилоятро барои ширкат дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023”, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват намуд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран сафири Тоҷикистон бо волии вилояти Новосибирски Русия дидору мулоқот кард, ки дар он чандин масоили муҳим баррасӣ шуд.
Сафир дар дидо бо волии Новосибирск аз ҷумла масъалаи табодули таҷриба миёни табибони минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирскро баррасӣ кард.
Сафир ба ташкили таҷрибаомӯзӣ ва семинарҳо барои кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла дорусозон даъват кард.
Цветы в городе Душанбе в центре города - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Ҳайати всеъи соҳибкорони Озарбойҷон ба Душанбе меояд
Ҳамчунин ҳамсуҳбатон ба мавзӯи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар Новосибирск тамаркуз карданд.
Дар зимн, ҷонибҳо перомуни имконияти бастани созишномаҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқоти баргузоршуда баои рушди ҳамкориҳои минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирск саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Лентаи хабарҳо
0