Шикасти Усмонов ва пирӯзии Ҳақназарова дар Бозиҳои Осиё

© RCC Boxing Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге
Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Яке аз номзадҳои асосии тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи бокс, ки мухлисон аз нишони Бозиҳои Осиёро интизор доштанд, ғайричашмдошт дучори шикаст шуд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов, ки дар вазни то 63,5 кило дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу зӯрозмоӣ мекард, дучори шикаст шуд.
Ба иттилоио Федератсияи бокси Тоҷикистон, Усмонов дар даври ҳаштякниҳоӣ бо ҳарифи қазоқаш, Йертуган Зейнуллинов вориди майдон шуда, нерӯсанҷиро бо ҳисоби 2:3 бохт.
Усмонов барандаи нишони биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс буда, яке аз умедҳои Тоҷикистон барои нишон дар 19-умин Бозиҳои Осиё ба шумор мерафт.
Шикасти Усмонов дар ҳолест, ки бонуи муштзани тоҷик, Руҳафзо Ҳақназарова вазни то 50 кило муштзани идонезӣ, Новита Синадиаро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, ба даври ҳаштякниҳоӣ расид.
Рақобати Асрор Вохидов  ва Данило Савченко дар доираи мусобиқоти RCC Boxing - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Пирӯзии муштзанҳои тоҷик дар марҳилаи аввали Бозиҳои Осиё
Қаблан Асрор Воҳидов, ки дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ мекунад, бар Сулия Хамми аз Лаос дар даври аввал пирӯз гардида, 30 сентябр бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш зӯр меозмояд.
Ҳамчунин муштзани дигари Тоҷикистон, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило дар даври аввал пирӯз гардида, 30 сентябр бо қаҳрамони олимпӣ аз Ӯзбекистон, Баҳодур Ҷалолов вориди майдон мегардад.
Қаблан дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу, Меҳрон Шафиев (51 кг), Довуд Маҳкамов ( 71 кг) , Бибинишастамо Холова (60 кг) ва Нигора Олимова (54 кг) дучори шикаст шуданд.
Лентаи хабарҳо
0