"Талко Голд" ба кормандонаш чӣ қадар маошу ба давлат чӣ қадар андоз медиҳад?

© Sputnik Строители на стройке Талко Голд
Строители на стройке Талко Голд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Обуна шудан
Ширкати "Талко Голд", ки бо 138 млн доллари амрикоӣ фаъол шуду ба истихроҷи маъдан машғул аст, давоми 8 моҳи соли равон наздики 53 млн сомонӣ андоз пардохтаст
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. "Талко Голд" беш аз 1 ҳазор нафарро бо ҷои кор ва маоши миёнаи 8,1 ҳазор сомонӣ таъмин кардаст.
Дар ин бора ноиби мудири кулли "Талко Голд", Хол Мурод иттилоъ дода, афзуд, ки тайи 8 моҳи соли ҷорӣ корхона дар ба маблағи 242,5 млн сомонӣ маҳсулот тавлид кардаст.
Вай илова намуд, ки тайи ин муддат ба буҷаи давлат ба маблағи наздики 53 млн сомонӣ андоз пардохт гардидаст.
Корхонаи мазкур ба истихроҷи маъдан дар кони Кончоч машғул аст, ки ба иттилои расмӣ захираи сурмаи он 268 ҳазор тон ва тило 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Завод ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2023
Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати коркард дар кишварҳои ИИАО
"Иқтидори лоиҳавии коркарди шабонарӯзии корхона 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 млн тоннаро ташкил додаст", - афзуд ноиби раиси ширкат.
Ӯ илова намуд, ки ҳангоми ба иқтидори пурра фаъол кардани корхона тавлиди тило ба 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тонна расонда хоҳад шуд.
"Талко голд” яке аз корхонаҳои истихроҷи маодин буда, 50%-и сармояи оинномавии он ба "Ширкати алюмини тоҷик" ва нисфи боқимонда ба ширкати саноати кӯҳии "Ҳуаюй” (Tibet Hua Yu Mining Co., Ltd)-и Чин тааллуқ дорад.
Дар мавриди таносуби коргарон дар "Талко Голд" роҳбариёти корхона гуфт, ки 850 нафарашон сокинони маҳаллӣ ва боқимонда мутахассисони чинӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0