Поёни низоъ: Дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҷумҳурии эътирофнашуда мавҷудияти худро қатъ кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСтепанакертский аэропорт, архивное фото
Степанакертский аэропорт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2023
Обуна шудан
Ба мардум дастур дода шуд, ки шартҳои пешниҳодкардаи ҷониби Бокуро баррасӣ намуда, имкони боқӣ монданро мустақилона ҳал кунанд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Қарабоғи Кӯҳӣ мавҷудияти худро қатъ мекунад.
Дар ин бора раиси ҷумҳурии эътирофнашуда Самвел Шаҳраманян фармон имзо кардааст.
Қайд карда мешавад, ба аҳолӣ дастур дода шуд, ки шартҳои пешниҳодкардаи Бокуро баррасӣ намуда, имкони боқӣ монданро мустақилона ҳал кунанд.
Ба ҳамин тариқ, Шаҳраманян дар фармони худ ба вазъияти душвори ҳарбию сиёсии ба амаломада ишора кард.
"Қарор қабул шуд: то 1 январи соли 2024 ҳама муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатии тобеи онҳо барҳам дода шаванд ва Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ (Артсах) фаъолияти худро қатъ кунад", - таъкид мешавад дар ҳуҷҷат.
Рӯзи 19 сентябр вазорати дифои Озарбойҷон барои барқарории сохти конститутсионӣ дар Қарабоғ “тадбирҳои зиддитеррористии маҳаллӣ”-ро оғоз кард.
Оказание помощи жителям Нагорного Карабаха - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2023
Қувваҳои ҳофизи сулҳи Русия панҷ ҳазор атбои Қарабоғро тахлия намуданд
Боку хурӯҷи комили нерӯҳои арманӣ аз минтақа ва барҳам додани мақомоти эътирофнашудаи Степанакертро шарти истиқрори сулҳ номид. Ереван ҳодисаи рухдодаро таҷовуз номида, изҳор дошт, ки дар Қарабоғ воҳидҳои арманӣ вуҷуд надоранд.
Дар пайи тирборони ҷонибҳо пас аз як рӯз оташбас ҳосил шуд ва дар пайи ақибнишинии Арманистон ҷониби Қарабоғ маҷбур ба гузоштани силоҳ ва розӣ ба шартҳои Боку шуд.
Лентаи хабарҳо
0