Чаро шатранҷбозони тоҷик ба Бозиҳои Осиё-2023 нарафтанд?

© Sputnik / Олимпийский комитет ТаджикистанаОдна из участниц из Таджикистана на Всемирной шахматной олимпиаде в Индии
Одна из участниц из Таджикистана на Всемирной шахматной олимпиаде в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ин рӯзҳо дар Ҳанчжоу Бозиҳои осиёӣ ҷараён доранд, вале шатранҷбозони тоҷик дар он ширкат намекунанд, ҳарчанд онҳо барои ҷоизаҳо қудрати мубориза доранд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ягон нафар аз шатранҷбозони Тоҷикистон ба Бозиҳои XIX осиёӣ, ки дар Ҳанчжоу идома дорад, нарафтанд.
Раҳбари Федератсияи шоҳмоти ҷумҳурӣ Илҳом Юнусов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи сабабҳои ширкат накардан дар мусобиқаи мазкур гуфт.
Ва тавзеҳ дод, ки даста ба далели молӣ натавонистааст ба ин мусобиқот равад.
"Албатта, Бозиҳои осиёӣ як мусобиқаи бузург аст, аммо мо бо сабабҳои молӣ нарафтем. Мутаассифона, мо имкони ширкат дар ҳама мусобиқаҳоро надорем", - изҳор дошт ӯ.
Ба ин тартиб, бо сабаби набудани сарпараст даста аз Бозиҳои осиёӣ маҳрум гардид, таъкид кард раиси Федератсияи шоҳмот.
Илҳом Юнусов қайд кард, ки имкони баромади хуб дар Бозиҳои осиёӣ, "ҳарчанд бо назардошти рақобати баланд, комилан бузург набудаанд", аммо вуҷуд дошт.
Аммо ба гуфтаи ӯ, шатранҷбозони Тоҷикистон дар дигар чорабиниҳо ширкат хоҳанд кард.
"Федератсияи шоҳмот дар Душанбе чанд мусобиқа баргузор мекунад ва дар моҳи декабр чемпионати Осиё байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад", — гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
В школе-интернате №1 для детей-сирот в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Сабқати шоҳмотбозон дар Душанбе барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон
Илова бар ин, раиси Федератсияи шоҳмот иддао дорад, ки то охири соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳам дар минтақаҳо ва ҳам дар Душанбе марказҳои нави шоҳмот боз хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, Ҷоми раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба шоҳмот ва шашка бояд то поёни сол ба анҷом расад.
"Марҳилаи ниҳоӣ дар охири моҳи декабр баргузор мешавад. Маблағи муқарраршудаи фонди ҷоиза 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад", - ёдовар шуд Илҳом Юнусов.
Лентаи хабарҳо
0