Ҳуснуллин аз оғози сохтмони театри ба номи Маяковский дар Душанбе хабар дод

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкБрифинг вице-премьера РФ Марата Хуснуллина
Брифинг вице-премьера РФ Марата Хуснуллина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Дар доираи форуми “Душанбе Инвест – 2023” муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин бо як сафари корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар ҳамоиши иқтисодии “Душанбе Инвест – 2023” дар бораи оғози сохтмони театри ба номи Маяковский дар Душанбе хабар доданд.
Дар ин бора муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин хабар дода гуфт, ки сохтмони театр дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд.
"Сохтмони театри ба номи Маяковский дар Душанбе дар ояндаи наздик оғоз мешавад", - гуфт муовини раиси ҳукумат.
Дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Душанбе Инвест – 2023” муовини сарвазири Русия оқои Ҳуснуллин бо як сафари корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Интизор меравад, ки ӯ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мулоқот кунад.
Министр культуры Таджикистана Давлатзода Зулфия Давлат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Давлатзода аз харҷи маблағ ва анҷоми сохтмони театри Маяковский гуфт
Қаблан вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода хабар дода буд, ки аллакай ҷойи сохтмони бинои Театри драмавии русии ба номи Маяковский муайян шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бинои кӯҳнаи театри Маяковский, ки дар маркази шаҳр буд соли 2016 тахриб шуда буд, мақомот сабаби онро мутобиқ набудан ба талаботҳои театри муосир унвон карданд.
Ҳамин 7 сол мешвад, ки ҳунармандон баъд аз тахриби бинои театрашон маҷбуранд дар дигар биноҳо кор кунанд ва дар саҳнаи Театри ба номи Лохутӣ ҳанарнамоӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0