Раҳмон ба сармоягузорон: Дар Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои қиматбаҳо мавҷуд аст

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи меҳмонони чорабинӣ ба имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои соҳибкорони хориҷӣ ва дастгирии ҳукумат ҷалб намуд
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 600 кони сарватҳои қиматбаҳо мавҷуданд, ки таваҷҷӯҳи сармоягузоронро доранд.
Дар ин бора раисиҷумҳури ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёмаш дар ҳамоиши "Душанбе Инвест 2023" изҳор дошт.
"Ҳукумати Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои сармоягузоронро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ ва дастгирӣ намояд", - изҳор дошт роҳбари ҷумҳурӣ.
Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи меҳмонони чорабинӣ ба имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои соҳибкорони хориҷӣ ҷалб намуд.
Илова бар ин, ӯ дар бораи имкониятҳои кишвар барои рушди соҳибкорӣ, ки ба истифодаи технологияҳои "сабз" нигаронида шудааст: истеҳсол ё васлкунии мошинҳои барқӣ дар асоси зерсохторҳои корхонаҳои Тоҷикистон сухан гуфт.
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2023
Душанбе барои ҷалби сармояи бештар форуми бузурги байналмилалӣ доир мекунад
Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 30 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ҳамойиши байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2023” ҷараён дорад.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва маъмурияти шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш ширкаткунандагон метавонанд бо иқтидор ва фазои сармоягузории Тоҷикистон ошно шаванд ва дар бахшҳои мухталиф як қатор созишномаҳо ба имзо расонанд.
Лентаи хабарҳо
0