ИИАО бо ИМА татбиқи долони "Шимол - Ҷануб"-ро баррасӣ кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкСимволика Евразийской экономической комиссии
Символика Евразийской экономической комиссии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Мақомдорони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мегӯянд, зарфияти ҳамлу нақли бор аз тариқи долони "Шимол - Ҷануб" то соли 2030 метавонад ба 41 - 45 млн тон расад
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳавасмандияшонро барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи долони "Шимол - Ҷануб" баён доштанд.
Ин нукта дар мулоқоти вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев бо роҳбари бузургтарин гуруҳи ширкатҳои ҳамлу нақли Иморот, Abu-Dhabi Ports, Муҳаммад Ҷумъа Ал-Шамсӣ таъкид шуд.
Ба гуфтаи Кожошев, айни замон Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар якҷоягӣ бо кишварҳои ИИАО бо иштирокчиёни лоиҳаи долони байналмилалии нақлиётии "Шимол-Ҷануб" ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор музокирот дорад.
Ин тарҳ ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан аз тариқи Туркманистону Эрон ва минбаъд бо роҳи баҳрӣ ба Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирад.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2023
Пешбинии рушди фаъолияти иқтисодӣ дар ИИАО дар соли 2023
Зарфияти боркашонӣ тариқи долони "Шимол-Ҷануб" метавонад то соли 2030 ба 41-45 млн тон расад, интизор доранд таҳлилгарони ИИАО.
"Роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои мо ва интиқолдиҳандаҳои бор аз тариқи роҳи оҳан ба рушди ҳамлу нақл аз тариқи долони "Шимол-Ҷануб" дар самти Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи Агроэкспресси АвруОсиё манфиатдор мебошанд", - гуфт Кожошев.
Муҳаммад Ҷумъа Ал-Шамсӣ аҳамияти ҳамлу нақлро барои рушди иқтисоди кишварҳои минтақа таъкид намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби долони байналмилалии нақлиётии "Шимол-Ҷануб" баён дошт.
Ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, табодули таҷриба ва татбиқи рақамисозӣ дар бахши ҳамлу нақл, аз ҷумла дар бандарҳоро таҳким мебахшанд.
Лентаи хабарҳо
0