"Истиқлол" натавонист "Ал-Наср" -ро мағлуб кунад

© Федератсияи футболи ТоҷикистонБозии "Истиқлол" бо "Ал-Наср"
Бозии Истиқлол бо Ал-Наср - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Обуна шудан
Дар қисми аввали бозӣ дастаи Тоҷикистон бар тими мизбон пешсаф буд ва дар дақиқаи 44-уми бозӣ аввалин ва охирини голро ба самар расонд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дастаи "Истиқлол" дуввумин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё бо шикаст анҷом дод. Рақибони дастаи футболи Душанбе бо тими "Ал-Наср" -и Арабистони Саудӣ бозӣ карда, бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуданд.
Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз сурат гирифт.
Дар қисми аввали бозӣ дастаи "Истиқлол" дар ҳисоб пешсаф буд. Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум голи бошгоҳи "Истиқлол"-ро ба самар расонид. Ин аввалин голи "Истиқлол" дар мавсими нави Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/24 маҳсуб мешуд.

Дар қисми дуюми бозӣ Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ 1 бар 1 кард.
Бозии дастаи Истиқлол-и Душанбе бо чемпиони Қатар — дастаи Ал-Дуҳайл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2023
Дастаи "Истиқлол" дар аввалин бозияш дар Лигаи чемпионҳо на бурду на бохт
Пасон бозигари бразилӣ Андерсон Талиска ду тӯби дигарро вориди дарвозаи футболбозони тоҷик кард ва бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳ "Ал-Дуҳайл" бо ҳисоби 0 бар 1 аз "Персеполис" мағлуб шуд. Ягона голро Умид Алишоҳ ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 24-уми октябр "Истиқлол" дар сафар бо "Персеполис"-и Эрон ва "Ал-Наср" дар сафар дар ҳамин рӯз бо "Ал-Дуҳайл"-и Қатар вориди майдони рақобат мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0