Кобулов гуфт, Душанбе чиро дар мавриди Толибон* дар эъломияи Қазон написандид

© Sputnik Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Обуна шудан
Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон тавзеҳ дод, ки дар эъломияи қабулшуда баъди нишасти ахир дар Қазон ба намояндагони Душанбе чӣ хуш наомад
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тавсиф аз ҳукуматдорони феълӣ дар Афғонистон дар амри мубориза бо ДОИШ** ва қочоқи маводи мухаддир дар эъломияи Қазон ба намояндагони Тоҷикистон писанд наомад.
Ин нуктаро фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Замир Кобулов дар мулоқот бо рӯзноманигорон баён дошт.
Нишасти формати Маскав бо иштироки мақомдорони Толибон* ва кишварҳои минтақа ахиран дар Қазон баргузор шуда, дар натиҷаи он эъломия қабул шуд, ки ба истиснои намояндагони Тоҷикистон 9 ҳайати дигари иштирокдор онро тасвиб карданд.
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Маскав гуфт, чӣ барои толибҳо эътирофи байналмилалӣ меорад
Ба гуфтаи Кобулов ба намояндагони Душанбе банди марбут ба тавсифи ҳукуматдорони феълӣ дар Афғонистон барои муборизаашон бо ДОИШ** ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир номақбул будаст.
Вай мубориза бо ДОИШ**-ро ҷавобгӯи манфиатҳои амниятии тамоми ҳамсояҳои Афғонистон хонда, хостори таҳкими он гардид.
Дипломати Русия тавзеҳ дод, ки далели таърифи ҳукуматдорони феълии Афғонистон он мебошад, ки кишти маводи мухаддир дар ин кишвар хеле назаррас коҳиш ёфтааст.
"Албатта мо воқеъбин ҳастем ва хоҳем дид, ки ин омил ба қочоқи маводи мухаддир то чӣ ҳад таъсир хоҳад дошт", - гуфт дипломати Русия.
Вай таъкид намуд, ки шарикони тоҷик бархӯрди интиқодӣ доранд ва муътақиданд, ки ҳеч ҷойи тавсифи ҳукуматдорон дар Афғонистон нест. Мо мавқеи шарикони тоҷикамонро эҳтиром мегузорем ва бо пешниҳоди худашон дар феҳрасти тасвибгарони эъломия ворид нагардиданд, илова намуд ӯ.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон гузориш дода буданд, ки бо сари қудрат расидани Толибон* дар Афғонистон гардиши маводи мухаддир афзоиш ёфтааст.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
**-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия.
Лентаи хабарҳо
0