Танҳо зӯрӣ не: Путин ташкили давлати мустақили Фаластинро зарур хонд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкВидеообращение президента РФ В. Путина к участникам Делового форума БРИКС
Видеообращение президента РФ В. Путина к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2023
Обуна шудан
Бартарафсозии ташаннуҷ дар Шарқи наздик ҳалли масъалаҳои бунёдии сиёсӣ, пеш аз ҳама таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро тақозо мекунад
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Мушкили Фаластин дар қалби ҳар фарди мусалмон аст, изҳор дошт президенти Русия, Владимир Путин, дар форуми Ҳафтаи энергетикӣ.
Вай дар доираи ин ҳамоиш шиддати авзоъ дар Шарқи наздикро шарҳ дода, гуфт, ин ҷо ҳалли масъалаҳои бунёдии сиёсӣ, пеш аз ҳама таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластин зарур аст.
"Мушкилоти Фаластин дар назари мусалмонон беадолатӣ маҳсуб мешавад, дар ҳоле, ки Исроил ва ИМА аз ҳалли низомӣ ҳимоят мекунанд", - гуфт ӯ.
Путин афзуд, ИМА ба механизмҳои ҳалли мушкили Фаластин беэътиноӣ карда, ба ҷои ҳалли мушкилоти бунёдӣ бархе кумакҳои моддӣ пешниҳод карданд.
"️Маълум нест, ки вазъро дар ояндаи наздик ором кардан мумкин аст ё на, хатари густариши муноқиша берун аз ҳудуди он бо оқибатҳои ногувор вуҷуд дорад", - ҳушдор дод Путин.
Вай қаблан шиддати муноқишаи Фаластин ва Исроил натиҷаи нокомии сиёсати Амрико ва нодида гирифтани қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ хонда буд.
Путин таъкид кард, ки ИМА ба инҳисори танзими қазия машғул шуда, мутаассифона мусолиҳа ва пайдо кардани созиши барои ҳарду ҷониб мақбул талош накарданд.
Глава МИД РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Лавров: Русия Исроилу Фаластинро ба оташбас даъват мекунад
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ин фишор ҳар дафъа манфиатҳои мардуми бумии Фаластин, зарурати иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти СММ дар бораи таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро нодида мегирифт", - гуфт Путин.
Ӯ ба зарурати кам кардани хисорот ба мардуми осоишта ва ба сифр кам кардани он таъкид намуд.
Шиддати даргирӣ миёни Фаластин ва Ироил 7 октябри соли равон сурат гирифта, бар асари зарбаҳои тарафайн ҳазорҳо нафар аз ҳарду тараф куштаю маҷруҳ гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0