Муҳриддин: Пеши ИДМ дар муқоиса бо 30 соли гузашта вазифаҳои боз ҳам мураккаб истодааст

© МИД ТаджикистанаСироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана
Сироджиддин Мухриддин, министр иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ахиран гуфт, ки дар ҷаҳони бовусъат тағйирёбанда назди ИДМ дар муқоиса бо 30 соли гузашта вазифаҳои боз ҳам мураккаб истодаанд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш гуфт, ки ИДМ барои Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои калидии ҳамкории бисёрҷониба боқӣ мемонад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид. дар ин ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии ИДМ зиёда аз 20 масъаларо баррасӣ карда, дар бораи ба масоили мубрами байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид кард, ки Тоҷикистон низ дар татбиқи консепсияи раёсати кунунӣ дар созмон ҳиссаи худро гузошта.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров на саммите G20 в Нью-Дели - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2023
Лавров: кишварҳои ИДМ бар ин назаранд, ки ба низоъи Фаластин хотима дода шавад
“Дар ҷаҳони бовусъат тағйирёбанда дар назди Иттиҳод дар муқоиса бо 30 соли гузашта вазифаҳои боз ҳам мураккаб истодаанд. Дар ин қарина ӯ аз идомаи ҳамкориҳои пайгиронаи муштарак ҷиҳати мукаммалсозии абзорҳои ҳамкорӣ бо такя ба қарор оид ба мутобиқнамоии ИДМ ба воқеиятҳои ҷаҳони муосир, ки соли 2016 қабул гардидааст, ҷонибдорӣ намуд”, - гуфт Муҳриддин.
Дафтари маӣбуоти вазорати хориҷа хабар додааст, ки аз натоиҷи ҷаласа вазирон масъалаҳои баимзорасонии Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ дар бораи забони русӣ, Нақшаи чорабиниҳои роҷеъ ба омодагӣ ва дар соли 2025 таҷлил намудани 80-солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ, Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, инчунин як қатор созишнома ва изҳоротҳоро мувофиқа карда, ба баррасии сарони давлатҳо манзур намуданд.
Лентаи хабарҳо
0