Базми синамо дар Душанбе идома дорад - видео

Обуна шудан
Синамогарони Ӯзбекистон гулчини асарҳояшонро ба Тоҷикистон овардаанд, то дар доираи синамоҷашнвораи "Тоҷи Сомон" ба намоиш гузоранд
Дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи бузурги байнулмилалии "Тоҷи Сомон" идома дорад, ки дар доираи он Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон низ сурат гирифт.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон машғули бозтоби ҷашнвораи байнулмилалии "Тоҷи Сомон" аст, ки дар он коргардонҳои боистеъдод аз кишварҳои мухталиф аллакай асарҳои худро пешкаши тамошобинон кардаанд
Рӯзи 18 октябр муаррифии лоиҳаи филми тоҷикиву ӯзбекии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" сурат гирифт. Ба тамошобинон инчунин филми бадеии "Ӯзбекдухтар" намоиш дода шуд.
Созмони эронӣ ва “Тоҷикфилм” санади ҳамкорӣ имзо карданд
Сокинон ва меҳмонони Душанбе инчунин дар доираи ҷашнвораи байналмилалӣ метавонанд осори филмсозони русро тамошо кунанд.
Намоили филмҳо дар толорҳои синамои "Наврӯз", "Кайҳон", "Парфенон", "Ватан" ва "Зебуннисо" то 19 октябр ба таври ройгон идома хоҳад кард.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0