Шаҳрвандони кишварҳои ИИАО метавонанд фосилавӣ мақоми худиштиғолӣ бигиранд

© Sputnik Мужчина в кабинете
Мужчина в кабинете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2023
Обуна шудан
Шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) имкон доранд дар оянда ба таври онлайнӣ мақоми худиштиғолӣ бигиранд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон акнун метавонанд дар Русия ба таври фосилавӣ мақоми худиштиғолӣ бигиранд, иттилоъ додааст "KONKURENT.RU".
Дар байни муштариёни ВТБ, ки аллакай аз ин имконият истифода кардаанд, аксарият шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд - ҳиссаи онҳо дар байни ғайрирезидентҳои мустақил тақрибан 44% аст.
Сеяки дигар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус, тақрибан 20% аз Арманистон ва 5% аз Қазоқистон мебошанд.
 Флаги стран-участниц ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Тоҷикистон аз узвияташ дар ИДМ барои ҳамкорӣ бо ИИАО истифода мекунад
Худиштиғолӣ имкон медиҳад,ба тоҷир дар Русия ба таври қонунӣ тиҷорат кунад ва аз санҷишҳо натарсида бо шахсони ҳуқуқӣ ҳамкорӣ намоянд. Ҳамчунин дар платформаҳои онлайн мизоҷон ҷустуҷӯ кунанд ва аз дигар бартариҳои рушди тиҷорати худ истифода намоянд.
“Шаҳрвандони ИИАО имкон доранд, ки барои низоми махсуси андоз муроҷиат кунанд, аз ин рӯ мо хидматрасонии ВТБ-Online ба онҳо дастрас кардем. Мо интизорем, ки ба шарофати ин шумораи муштариёни ин низоми андозбандӣ дар ВТБ то охири сол 25% афзоиш хоҳад ёфт", - гуфт Спартак Солонин, сардори шӯъбаи тиҷорати рақамии корпоративӣ - ноиби калони президенти ВТБ.
Ёдовар мешавем, ки ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0