Дар Фархор Қасри фарҳанг месозанд

© Пресс-служба города ИсфараСтроитель строит новый дом взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе
Строитель строит новый дом взамен разрушенного в результате конфликта на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Мақомот хабар додааст, ки дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Қасри фарҳанги 3 ошёна сохта мешавад, ки барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос барои бунёди қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Фархор иштирок кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Тавре гуфта шуд, бинои қасри фарҳанг 3 ошёна буда, барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки барои сохтмони ин иншооти муҳим 35 миллион сомонӣ дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ дар масоҳати 0,65 га. бунёд мегардад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Раҳмон дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ дар марз бо Афғонистонро ба истифода дод
Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносои бо лоиҳаи бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Фархор ба масъулин барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ дастур дод.
Раҳбари кишвар ҳамчунин барои дар мӯҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ масъулинро вазифадор кард.
Гуфта шуд, ки бо бунёди ин иншооти фарҳангӣ шароити фаъолияти аҳли фарҳанги ноҳия боз ҳам беҳтар гардида, бо тарҳи зебояш намои маркази ноҳияро назаррабо мегардонад.
Лентаи хабарҳо
0