Ифтитоҳи корхона, маркази ҷавонон ва сардхона: Идомаи сафари Раҳмон ба Муъминобод

© Фото : Пресс--служба президента ТаджикистанаИфтитоҳи Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ширкати "Заркорон" дар ноҳияи Муъминобод
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ширкати  Заркорон дар ноҳияи Муъминобод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2023
Обуна шудан
Дар идомаи боздиди корӣ раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод се иншооти муҳим кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва саноатиро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, сардхона бо дастгирӣ ва маблағгузории ширкати "Заркорон" мавриди истифода қарор дода шуд.
Мақсад аз фаъол сохтани сардхона- нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда дар хоҷагиҳои ҷамъият ва аҳолӣ буда, он дар муддати кӯтоҳ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ғунҷоиши ин сардхона барои 1000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст.
Инчунин президенти Тоҷикистон дар идомаи сафари худ дар деҳаи Шаҳринави поёни деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ва маҳсулоти шириро ифтитоҳ кард ва бо намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ шинос шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Муъминобод коркарди 20 тонна картошка дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 8 тонна картошкаи бирён (чипс) мебошад.
Арзиши лоиҳавии корхонаи нав 1 миллион сомонӣ буда, хати технологӣ аз Чин ворид шудааст.
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2023
Идомаи сафари Раҳмон ба Хатлон: Раисҷумҳур дар Муъминобод чандин иншоотро ифтитоҳ кард
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон худи ҳамин рӯз дар шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод бинои Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор дод.
Дар Марказ бо назардошти баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши забонҳои хориҷию технологияи компютерӣ ҷалб намудани онҳо имконияти мусоид фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида бо техникаю технологияи насли нав ҷиҳозонида шудаанд.
Бояд таъкид дошт, ки дар ноҳияи Муъминобод барои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти мамлакат нақшаи мукаммал тарҳрезӣ гардида, то имрӯз 31 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки бинои Маркази ҷавонон аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0