Борону барф: пешгӯии дамои ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкДевушка поз зонтом в осеннем парке
Девушка поз зонтом в осеннем парке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2023
Обуна шудан
Дар кишвар акнун мизони ҳарорати ҳаво поин меравад. Дар ҷануби кишвар агар гармо ҳукмфармо бошад, аммо дар баландиҳои шимолу шарқ мавсими барфу борон омад
ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳарорат рӯзона 23 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар ВМКБ ҳаво бебориш шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 14+19 гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат, дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борон ва барф меборад.
Дар водиҳои вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Озеро Каракуль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2023
Мақоми эронӣ осебпазиртарин қораро ном гирифт
Аммо дар хатлон гармтар, аммо шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар НТМ бошад, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борону барф ба амал меояд.
Дар водиҳои минтақа ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт бошад, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона бориши сусти борон ба амал меояд/ Ҳарорати ҳаво шабона 10+12 ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0