Мактаби Истиқлол китобҳои нави дарсӣ гирифт

© Sputnik / Андрей Иглов / Гузариш ба медиабонкРоссийские учебники по русскому языку
Российские учебники по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2023
Обуна шудан
Намояндагони Россотрудничество дар Тоҷикистон ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Истиқлол китобҳои дарсӣ ҳадя намуданд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Мактаби рақами 1-и Истиқлолдар доираи кумаки Россотрудничество китобҳои нави дарсӣ гирифт. Дар ин мактаб таълим бо ду забон: русь ва тоыикь сурат мегирад.
"Дар мактаб 44 синф бо забони русӣ таҳсил мекунанд, ки ыамъан 640 хонанда дорад", - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин зимни интиқоли адабиёти таълимӣ раиси намояндагии Россотрудничество Иван Иванов муовини худ Татяна Мудроваро, ки ҳоло раиси Хонаи русҳо дар Хуҷанд аст, ба ҳайати омӯзгорон муаррифӣ кард.
Таъкид мешавад, ки муовини консули консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд Никита Уточкин бо ҳамватанон оид ба масъалаҳои марбут ба Барномаи давлатии кӯчонидани аҳолӣ машварат анҷом додааст.
Магистры русского языка прибыли в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Магистрантҳои Русия дар Тоҷикистон забони русӣ таълим хоҳанд дод
Қаблан Россотрудничество аз вуруди ихтиёриён аз Русия ба Тоҷикистон хабар дода буд. Гуфта мешавад, ки рӯзи 11 октябр ба Душанбе на танҳо як духтури кардиолог ва эндокринолог, балки инструкторони отряди наҷотдиҳии донишҷӯёни Академияи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои изтирории Федератсияи Русия низ омаданд.
Ҳамин тариқ, ихтиёриёни Корпуси умумирусиягии донишҷӯёни наҷотбахши вилояти Маскав ба гузаронидани дарсҳо барои мактаббачагон ва донишҷӯён дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шурӯъ карданд.
Барномаи байналмилалии "Миссияи хайр" аз ҷониби Россотрудничество бо дастгирии Анҷумани марказҳои волонтёрӣ ва Салиби Сурхи Русия созмон дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0