Дар Қазоқистон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфт шуд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкШахта, архивное фото
Шахта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2023
Обуна шудан
Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон пас аз садамаи дар кони ангишт, ҷасади ҳамаи 46 нафари кушташуда пайдо намуд, аммо шахсияти шаш тан мушаххаст нест
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Қазоқистон наҷотдиҳандагон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфтаву берун кашида шуд.
Дар ин бора вазири ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ Сирим Шарифхонов дар ҷаласаи ҳукумат гузориш дод.
"Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотӣ ҷасади 45 конкан ва боқимондаҳои эҳтимолии 46-умин кушташуда пайдо шуданд. Ҳоло ҳуввияти 40 нафари кушташудагон мушаххас шуда, 6 нафари онҳо мушаххас нашудааст", - гуфт Шарифхонов.
Ӯ зикр кард, ки барои муайян кардани онҳо ташхиси зарурӣ гузаронида мешавад. Санҷиши ДНК талаб карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки садама дар кони мутааллиқ ба ширкати ArcelorMittal Temirtau субҳи барвақти рӯзи 28 октябр рух дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби таркиши гази метан будааст.
Дар ҳамин ҳол, дар замони рух додани ҳодиса дар кон 252 нафар конкан буданд, ки 208 нафари онҳо наҷот ёфтанд, 18 нафар ба ёрии тиббӣ ниёз доранд.
Роҳбарияти кон бошад, мегӯяд, дар кони мазкур қаблан беш аз 200 камбудӣ ошкор шуда буд, ки қариб ҳамаашон ислоҳ шуда буданд.
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон номаи ҳамдардӣ фиристод
Дар мавриди гунаҳкорони қазия, таъкид шуд, ки комиссияи давлатӣ ба кор шуруъ кардааст ва натиҷаи он маълум хоҳад кард.
Кони Костенко ба ҶСК "АрселорМиттал Темиртау" тааллуқ дорад. Моҳи август дар кони дигари ин ширкат (Қазоқистон) оташсӯзӣ рух дода, панҷ конкан кушта шуданд.
Сипас президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев АМТ-ро барои нақзи ӯҳдадориҳояш танқид кард ва аз оқибатҳои ҳузури минбаъдаи он дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳушдор дод.
Лентаи хабарҳо
0