Кумаки ирсолнамудаи Тоҷикистон ба Афғонистон расид

© Фото : Агентство по государственным материальным резервам при правительстве ТаджикистанаПомощь Таджикистана пострадавшим от землетрясения в Афганистане
Помощь Таджикистана пострадавшим от землетрясения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Бо супориши роҳбари давлат барои сокинони аз заминларза осебдидаи Афғонистон 130 мошини боркаш бо 3,2 ҳазор тон бор кумак ирсол шуда буд
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Кумаки башардӯстонае, ки мақомоти Тоҷикистон ирсол намуда буданд, аллакай вориди Афғонистон шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд. Он барои сокинони афғон, ки аз заминларза осеб дидаанд, пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, ба Ҳирот контейнерҳо бо лавозимоти зарурӣ ирсол шуд. Ин корвон аз 130 мошини боркаш бо 3.2 ҳазр тон кумаки башардӯстона иборат аст.
Последствия землетрясения в Герате, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Тоҷикистон кумак ба мардуми Афғонистонро идома медиҳад
Ҷониби Тоҷикистон маводи ғизоӣ, либосу пойафзоли зимистона, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, кат ва оби ошомиданӣ фиристод.
Ҳамагӣ 27 номгӯй маҳсулоти зарурӣ аз қабили:
200 тон орд;
50 тон шакар;
20 ҳазор литр равғани растанӣ;
20 тонна нахӯд; 20 тонна шолӣ.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи октябр дар Афғонистон як силсила заминларза рух дод.
Расонаҳо гузориш додаанд, ки бар асари офати табиӣ 2 ҳазор нафар кушта шуда, беш аз 9 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0